Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон ҳайкали Алишер Навоиро аз бех канданд
Гурӯҳи террористии Толибон дар як иқдоми нав ҳайкали шоири машҳури ӯзбек Алишер Навоиро дар Мазори Шариф комилан вайрон намуданд.
Раиси шаҳри Мазори Шариф, ки аз сӯи Толибон таъйин шуда буд, дастури вайрон кардани ҳайкали Алишер Навоиро содир намудааст.
Бар асоси иттилои расонаҳои маҳаллӣ қаблан Толибон қисмате аз ҳайкали Алишер Навоиро вайрон намуда буданд ва ҳоло онро комилан аз байн бурдаанд.
Ин иқдом ба мавҷи нафрат ва вокунишҳои шадиди фарҳангиён ва сиёсатмадорони турк боис шудааст. Онҳо мегӯянд, ин амалкарди Толибон на фақат беэҳтиромӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии қавмҳои мухталифи Афғонистон аст, балки таҳқир ва нодида гирифтани арзишҳои муштараки умумибашарӣ мебошад.
Ҳайкали Алишер Навоӣ дар замоне, ки Ато Муҳаммади Нур, раиси вилояти Балх буд, аз сӯи раиси ин шаҳр гузошта шуд. Толибон пас аз 17 сол ин ҳайкалро комилан аз маркази шаҳр бардоштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”