27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
20.08.2025 09:58

Дар Тошканд бо арзиши 290 миллион шаҳрчаи Олимпиро ба истифода доданд

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи 18-уми август аз шаҳрчаи Олимпии навбунёд дар пойтахт - шаҳри Тошканд боздид кард. Бунёди шаҳрчаи Олимпӣ 9-уми ноябри соли 2022 оғоз гардид ва бо арзиши тақрибан 290 миллион доллар аз ҷониби ширкати “CAMC Engineering” бо меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуд.

Ин шаҳрча, ки масоҳаташ беш аз 1000 гектар аст, на фақат рамзи дастовардҳои варзишии Ӯзбекистон, балки намунаи истифодаи ҳалли навовариҳои меъморӣ ва энергетикӣ ба шумор меравад.

Дар ин маҷмааи варзишӣ панҷ иншооти асосии варзишӣ ҷойгир аст. Аз ҷумла, велодроми муосир бо лоиҳаи муҳандисии душвор ва дизайни нодир сохта шудааст. Трек ба стандартҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ посухгӯ  буда, рӯйпӯшаш аз чӯби босифат иҷро шудааст. Дар дохили велодром ҳарорати мунтазам нигоҳ дошта мешавад, то ки сифати рӯйпӯш зарар набинад. Иқтидори майдон 2200 ҷои нишастро дар бар мегирад. Иншоот бисёрфунксионалӣ буда, барои мусобиқаҳои тениси рӯимизӣ ва шамшербозӣ низ истифода мешавад.

Президенти Ӯзбекистон ба масъулон супоиш дод, ки барномаи рушди вазиши велосипедронӣ дар минтақа омода шавад.

Дар маҷмааи варзишӣ варзишгоҳи марказӣ бо ғунҷоиши 12 ҳазор тамошобин бунёд шудааст, ки барои мусобиқаҳои байналмилалӣ ва маросимҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст. Дар он 48 навъи варзиши сабук машқ мешавад ва имкон дорад, ки чемпионатҳои ҷаҳон, бозиҳои параолимпӣ ва мусобиқаҳои IBSA барои шахсони нобино доир гардад. Президент таъкид кард, ки дар кишвар то ҳанӯз потенсиали варзишӣ сабук ва параолимпӣ пурра истифода нашудааст. Дар робита ба ин масъала дастур дода шуд, ки варзишгоҳҳои минтақавӣ аз нав таҷдид шуда, мураббиёни хориҷӣ ҷалб карда шаванд.

Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни мулоқот бо варзишгарони ӯзбек, ки дар маҷмааи варзишӣ ҷамъ омада буданд, гуфт, ки “Шумо дар аренаҳои байналмилалӣ парчами моро боло мебардоред ва рушди кишварро нишон медиҳед. Ҳар пирӯзии Шумо ифтихори миллат ва нерӯву илҳоми ҷавонон аст. Ин кӯшишро идома диҳед, насли наврасро роҳнамоӣ кунед ва варзиши моро боз ҳам беҳтар кунед”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.