27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
20.08.2025 07:23

Мақомоти тоҷик дар Новосибирск аз муҳоҷирон хостанд ба гурӯҳҳои террористӣ напайванданд

Мақомоти тоҷик рӯзи 19-уми август дар шаҳри Новосибирск дар масҷиди Красина баъд аз намози ҷумъа бо муҳоҷирон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хос доир намуда, онҳоро бо муқаррарот ва тартиботи нави қонунгузории Русия оид ба муҳоҷират огоҳ намуданд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки мақомоти тоҷик  дар бораи қоидаҳои иқомати кунунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, шартномаи расмии меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои амният дар ҷойи кор иттилои муфассал доданд.

Онҳо ба муҳоҷирон ёдоварӣ намуданд, ки пайдо намудани кори расмӣ воситаи асосии ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон аст. Ҳамчунин, ба ширкаткунандагон зарурати риояи қоидаҳои гигиенӣ, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ шарҳ дода шуд.

Дар мулоқот ба муқаррароти асосии қонунгузории  муҳоҷират дар Русия ишора шуд. Аз ҷумла, муҳоҷирон аз муҳлати тамдиди амали фармони Президенти Русия Владимир Путин аз 30-уми декабри соли 2024 таҳти рақами 1126 огоҳ шуданд, ки то 10-уми сентябри соли 2025 эътибор дорад ва ба шаҳрвандони хориҷӣ имкони қонунӣ намудани ҳузури худро медиҳад.

Ҳамчунин, мақомот муҳоҷиронро аз хатари ҷалб шудан ба созмонҳои ифротӣ ва террористӣ ҳушдор доданд. Гуфта шуд, ки гурӯҳҳои ифротгаро бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои нашри таблиғот ва ҷалби ҷавонон истифода мекунанд. Ба шаҳрвандон тавсеа дода шуд, ки фақат аз сарчашмаҳои расмӣ иттилоъ гиранд ва аз ҳар гуна робита бо сохторҳои шубҳанок худдорӣ кунанд.

Дар ин мулоқот Маҳмадӣ Давлатов, роҳбари созмони ҷамъиятии тоҷикони Новосибирскск “Сомониён” ширкат дошт. Ӯ аз саҳми мутахассисони тоҷик дар рушди соҳаи тибби ин минтақа ёдовар гардида, гуфт, ки фақат дар муассисаҳои тиббии Новосибирск беш аз 40 духтари тоҷик фаъолият доранд.

Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон тавсия доданд, ки вақти холии худро самаранок истифода намуда, забонҳои хориҷиро омӯзанд, аз курсҳои ройгон ва муассисаҳои фарҳангӣ баҳра баранд ва бо барномаҳои таълимӣ касбу ихтисосҳои навро аз худ кунанд.

Муҳоҷироне, ки дар ин мулоқот ҳузур доштанд, гуфтаанд, ки он бо суҳбатҳои озод доир шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.