Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Шукӯҳи “Ампири сталинӣ” ба Тошканд ҳусни нав мебахшад
Сабки меъмории “Ампири сталинӣ", ки дар миёнаҳои асри XX ба ҳайси абзори сиёсӣ шакл гирифта буд, то имрӯз ба шаҳри Тошканд ҳусни нав мебахшад.
Рушена Семиногова, олими соҳаи меъморӣ мегӯяд, ки ин услуби бошукӯҳ на фақат аз шаҳри Маскав ба Осиёи Миёна оварда шуд, балки бо фазо ва суннатҳои меъмории Ӯзбекистон низ мутобиқ карда шуд.
Дар солҳои 1930-1950 даҳҳо бино бо сутунҳои баланд, зинапояҳои массив ва фасадҳои симметрӣ симои пойтахтро дигар намуданд. Бо вуҷуди пайдо шудани ин услуб чун рамзи қудрат ва муттаҳидсозии идеологияи давлатӣ меъморон дар Ӯзбекистон онро бо унсурҳои миллӣ даромехтанд. Дар ороиши биноҳо шаклҳои анъанавии маҳаллӣ, аз панҷара то мукарнас нақшу нигори ранга, ҷо гирифтаанд.
“Ампири сталинӣ" дар Ӯзбекистон фақат нусхаи Маскав набуд. Он ба шароити иқлимӣ ва фарҳангии минтақа мутобиқ гардид ва қисми бофандаи меъмории шаҳрҳои маҳаллӣ гардид” – таъкид мекунад Семиногова.
Намунаҳои ин сабки меъморӣ марказҳои фарҳангӣ, санаторияҳо, вокзалҳо ва хонаҳои истиқоматии мақомдорони техникист, ки дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Чирчик бунёд шудаанд. Ҳатто муассисаҳои иҷтимоӣ, ба мисли беморхонаи комбинати нассоҷӣ, бо фасадҳои боҳашамат барои коргарон тарҳрезӣ гардиданд.
Бо гузашти даҳсолаҳо ин биноҳо на фақат чун ёдгории замони сиёсати маҳаллии Шӯравӣ мебошанд, балки имрӯз ҳам симои шаҳрро муайян мекунанд ва он нишонаи пайванди шукӯҳи сиёсӣ бо меъмории маҳаллӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”