Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар оянда дар Тоҷикистон касе ба пеши фолбин ва ҷодугар равад, ҷарима мешавад
Ҳукумати Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки бар асоси он барои истифодаи хизматрасонии фолбинҳо ва ҷодугарон дар оянда ҷарима муқаррар мешавад.
Бар асоси ин ислоҳот, ба моддаи 482-и кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон банде бо номи “Истифодаи хизматрасонии ҷодугарон, сеҳрнависон ва фолбинҳо” илова мешавад. Агар тарҳи ин ислоҳот аз сӯйи парлумон қабул шавад, минбаъд касоне, ки ба назади фолбину ҷодугарон мераванд, то 5750 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.
Мақомоти тоҷик дар солҳои ахир мубориза бо фолбиниву ҷодугариро шиддат бахшидаанд. Соли гузашта бо ҳамин модда тағйирот ворид шуда буд, ки бар асоси он машғул шудан ба фолбиниву ҷодугарӣ бо ҷарима аз 80 то 100 нишондиҳанда ё ҳабси маъмурӣ аз 10 то 15 шабонарӯз ҷазо додада мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат дар шаш моҳи соли ҷорӣ 495 ҳолати машғул шудан ба фолбиниву сеҳр ба қайд гирифта шудааст.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”