Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Маскав: Гуфтугӯи Путин ва Трамп “бисёр рӯшан ва муассир” буд
Юрий Ушаков, ёрдамчии президенти Русия гуфт, ки суҳбати телефонии Владимир Путин бо Доналд Трамп 40 дақиқа идома ёфта, “бисёр рӯшан ва муассир” будааст.
Ӯ гуфт, ки Трамп президенти Русия Путинро аз ҷараёни музокироташ бо роҳбарони Аврупо ва Владимир Зеленский дар ҷараён гузоштааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳарду ҷониб ба зарурати музокироти мустақим миёни Русия ва Украина таъкид кардаанд.
Ёрдамчии Президенти Русия афзуд, ки Путин ва Трамп масъалаи афзоиши ҳайатҳои Русия ва Украина дар музокироти сулҳро низ баррасӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи олмонии “БИЛД” хабар дод, ки Трамп дар вақти нишаст бо роҳбарони аврупоӣ ба муддати кӯтоҳ толорро тарк карда, барои тамоси телефонӣ бо Путин аз маҷлис хориҷ шуд ва сипас ба ҷаласа баргаштааст.
Умедвориҳо аз ба натиҷа расидани сулҳи Русия ва Украина дар ҳолест, ки Президенти Русия барои поён додан ба ҷанг шартҳои худро пешниҳод намудааст. Тибқи иттилоъ шартҳои асосии ҷониби Русия вогузории қаламравҳои тасарруфшуда, манъи узвияти Украина ба НАТО, бекор кардани таҳримҳои байналмилалӣ бар зидди Русия мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”