Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вазорати маориф: Хариду фурӯши либоси мактабӣ дар мактабҳо манъ аст!
Дар пайи расонаӣ шудани бархе шикоятҳои волидон дар бобати лисоби мактабӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вокуниш кард.
Манбаъ менависад, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди дӯхт, таъмин ва фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш иштирок надорад. Инчунин, тавассути мактубҳои инфиродӣ ба унвонии раёсату шуъбаҳои маориф пайваста эълон менамояд, ки дар дохили муассисаи таълимӣ хариду фурӯши либоси мактабӣ қатъиян манъ аст.
Дар иттилоияи Вазорат гуфта мешавад, ки масъулияти ташкили ярмаркаҳои фурӯши либос ва дигар лавозимоти зарурии мактабӣ ба дӯши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва назорати сифати онҳо ба зиммаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Ярмаркаҳо берун аз муассисаҳои таълимӣ, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот бояд баргузор шаванд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии хонандагон ба лавозимоти хониш мебошад.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки дар сурати пайдо гардидани шикоятҳо вобаста ба сифати либосҳои мактабӣ ва фурӯши иҷбории он, шаҳрвандон бояд ба мақомоти масъулин муроҷиат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”