Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Расман: Криштиану Роналду ба Тоҷикистон намеояд. Ҷадвали бозиҳои “Истиқлол” маълум шуд
Тибқи иттилои дастрас, футболбози португалӣ Криштиану Роналду мувофиқи шартномаи наваш бо бошгоҳи “Ал-Наср” дар Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё дар бозиҳои меҳмонӣ иштирок намекунад. Ин маъноеро дорад, ки расман Криштиану Роналду дар бозии ҷавобии “Ал-Наср” ва “Истиқлол” ба Тоҷикистон намеояд.
Бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ, "Ал-Завра"-и Ироқ ва "Гоа"-и Ҳиндустон қарор гирифта, тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар даври якум 17-уми сентябри соли ҷорӣ бо “Ал-Наср” дар шаҳри Риёз рақобат хоҳад кард.
Дидори ҷавобии “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ 26-уми ноябр дар шаҳри Ҳисор сурат мегирад.
Ҳамин тавр, дар марҳилаи гурӯҳӣ бошгоҳи “Истиқлол” бозиҳои зеринро анҷом медиҳад:
Даври 1-ум, 17-уми сентябр бо “Ал-Наср” (дар меҳмонӣ). Даври 2-юм, 1-уми октябр бо “Гоа” (дар майдони худ). Даври 3-юм, 22-уми октябр бо “Ал-Завра” (дар майдони худ). Даври 4-ум, 5-уми ноябр бо “Ал-Завра” (дар меҳмонӣ). Даври 5-ум, 26-уми ноябр бо “Ал-Наср” (дар майдони худ). Даври 6-ум, 24 декабр бо “Гоа” (дар меҳмонӣ).
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”