Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба сӯи бозори муштарак ва нақшаи роҳи оянда қадам гузошт
43-умин маҷлиси Шурои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳафтаи гузашта дар Қирғизистон бо ширкати сарвазирони панҷ кишвари узви Иттиҳод ва намояндагони кишварҳои нозир, аз ҷумла муовини нахусти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сарвазири Ӯзбекистон доир шуд. Дар ин нишаст роҳҳои таъсиси бозори муштарак ва нақшаи ҳамкориҳо дар оянда баррасӣ гардиданд.
Садир Жапаров, Президенти Қирғизистон, ки мизбони нишаст буд, гуфт дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои калидии иқтисодӣ ва ҳамкориҳои ҳамгироӣ баррасӣ шуданд. Ба гуфтаи ӯ, нақшаи таъсиси бозори муштараки газу нафт, ҳамоҳангсозии сиёсати нақлиётӣ барои солҳои 2024-2026 ва баррасии густариши бозори муштараки доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ дар миён гузошта шуд.
Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали президенти Эрон бо изҳори қаноатмандӣ аз иҷрои созишномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё гуфт, ин созиш имкониятҳои вижаеро барои рушди устувор ва ҳамкориҳои иқтисодӣ фароҳам меорад. Ӯ афзуд: “Итттиҳод ва Эрон бояд роҳҳои нави ҳамкориро дар бахши калидӣ, аз ҷумла энергетикӣ, технология ва нақлиёт ҷустуҷӯ кунанд”.
Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар суханронии худ гуфт, ки истеҳсоли умумии дохилии кишварҳои узви Иттиҳод дар соли 2024 4,4 фоиз афзоиш ёфта ва тиҷорати байниҳамдигарӣ ба ҳудуди 9 триллион рубл расидааст. Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳод қадамҳои мушаххасро барои таъсиси бозори муштараки доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ низ бар медорад.
Михаил Мишустин ҳамчунин, ба иҷро шудани тиҷорати озод бо Эрон ишора намуда, афзуд, ки дар канори он созишномаи ҳамкорӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб ва Муғулистон низ ба имзо расидаанд.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё айни ҳол панҷ узви асосӣ дорад: Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизисотон ва Русия. Эрон, Ӯзбекистон, Куба ва Молдава ба ҳайси кишварҳои нозир фаъолият доранд. Ба гуфтаи мақомоти эронӣ Теҳрон талош дорад дар оянда ба узви доимии ин иттиҳодия табдил ёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”