Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Токаев: “Дар Қазоқиситон дигар “низоми хонаводагӣ” ҳоким нест”
Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон дар маҷлиси пленарии конфронси августӣ гуфт, ки дар сохтори ҳокимиятии кишвар дигар низоми хонаводагӣ вуҷуд надорад ва таъкид кард, ки Қазоқистон ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар соҳаи хизмати давлатӣ принсипи меритократия (яъне, интихоби кадрҳо бар асоси салоҳият ва арзишмандӣ) татбиқ мегардад. Дар вақти таъйин ба вазифа, пеш аз ҳама донишу касбият ба назар гирифта мешавад.
Қосим-Жомарт Токаев гуфт, ки ҷомеаи Қазоқистон “дар ҳоли тағйирёбӣ” аст ва ҳамзамон “шуури шаҳрвандон низ дигар мешавад”.
“Имрӯз мо бо иттиҳоди тамоми миллат, якҷоя Қазоқистони одилона, пок ва қавмӣ месозем. Барои ташаккули сифати нави миллат мо ислоҳоти муҳимро оғоз кардем. Ин як кори бузургу душвор аст, ки аз ҳоло натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Системаи сиёсӣ пурра навсозӣ шуд, самти нави иқтисодӣ муайян гардид. Ҷомеаи мо дигар мешавад, шуури шаҳрвандон тағйир меёбад” – гуфт роҳбари Қазоқистон.
Ӯ илова кард, ки Қазоқистон ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”