Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон тӯю ҷаноза ва маросимҳои оилавиро танзим мекунад
Мақомоти қонунгузории Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки низоми нави танзими баргузор намудани тӯй, ҷаноза ва маросимҳои оилавиро таҳия кунанд. Дар ин бора Президенти Ӯзбекистон дар як фармон дастур додааст.
То охири моҳи августи соли ҷорӣ мақомот нақша доранд, лоиҳаи қарори муштаракро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод кунанд. Аз ҷумла, интизор меравад, ки механизмҳои нав ба ташаккули фарҳанги сарфакорӣ дар миёни ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.
Масъули таҳияи ин қоидаҳо парламент бо роҳбарии раиси Сенат Танзила Нарбаева ва раиси Палатаи қонунгузорӣ Нуриддин Исмоилов хоҳанд буд. Дар таҳияи он ҳамчунин, намояндагони Вазорати фарҳанг бо роҳбарии Озодбек Назарбеков, Кумитаи кор бо оила ва занон, зери роҳбарии Мукаррам Нурматова, ҳамчунин, Кумитаи корҳои дин дар шахсияти Содиқ Тошбоев ширкат мекунанд.
Мақомот мақсад доранд, тадбирҳоеро рӯи даст гиранд, ки ба пешгирии исрофкорӣ дар вақти баргузории тӯйҳо, ҷанозаҳо, маросимҳо ва дигар чорабиниҳои оилавӣ мусоидат кунанд. Аз ҷумла, паҳн кардани видеороликҳои иҷтимоӣ, гузаронидани маъракаҳои иттилоотию тавзеҳӣ дар миёни аҳолӣ, таҳия ва нашри филмҳои кӯтоҳ, рекламаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои телевизионӣ, радио, подкастҳо ва мақолаҳо, ки паёмадҳои манфии исрофкориро нишон медиҳанд, дар назар аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”