Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон кӯдакони фаластиниро ба боғчаҳо бепул қабул мекунад
Кӯдаконе, ки бо шаҳрвандони Фаластин ба Ӯзбекистон омадаанд, бе навбат ба мактабҳо ва боғчаҳо қабул карда мешаванд. Дар ин бора Президенти Ӯзбекистон қарор қабул кардааст.
Дар Ӯзбекистон кӯдакони фаластинӣ, ки ба ин кишвар ворид шудаанд, бо ҷойҳо дар муассисаҳои давлатии томактабӣ ва мактабҳо бар асоси маҳалли зист таъмин карда мешаванд.
Бар асоси ин фармон оилаҳо то 1-уми январи соли 2028 аз пардохти маблағи волидайн барои нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо озод карда мешаванд. Қабули кӯдакон ба боғчаҳо ва мактабҳо бе навбат, бар асоси дархостҳои марказҳои хизматрасонии иҷтимоии “Инсон” амал мегардад.
Афзун бар ин, ба кӯдакони фаластинӣ имконияти гузаштани курсҳои иловагии ройгон дар мактабҳои давлатӣ дар самтҳои тайёрии касбӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва омодагӣ ба дохилшавии донишгоҳҳо фароҳам оварда мешавад. Ҳама хароҷоти таълим аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохта мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”