Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Омӯзиши “Сафири ҳаёт” дар Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Саудӣ
Аз 9-ум то 15-уми августи соли 2025, ҳайати Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо мақсади татбиқи Барномаи омодасозии тренерҳо оид ба ёрии аввалияи “Сафири ҳаёт” ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Ин барномаи омӯзишӣ, ки бори аввал дар берун аз қаламрави Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, панҷ рӯз идома ёфта, 26 нафар кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро фаро гирифт. Ҳадафи асосии он омода намудани мутахассисони баландихтисоси кумаки аввалия мебошад, ки метавонанд дониш ва малакаҳои заруриро барои расонидани кумаки ибтидоӣ ва наҷоти ҷони осебдидагон то расидани ёрии таъҷилӣ ва кормандони тиббӣ, ба дигарон омӯзонанд.
Барномаи “Сафири ҳаёт” омӯзиши амиқи назариявӣ ва амалӣ оид ба расонидани ёрии аввалия, усулҳои идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи ба ҳаёт таҳдидкунанда, инчунин, тарзи кор бо таҷҳизоти таълимиро дар бар мегирад. Тренерон бо истифода аз захираҳои мавҷудаи худ, барои татбиқи муассири ин барнома омода карда мешаванд.
Барномаи мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи муштараки Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Саудӣ ва Кумитаи байналмилалии исломии Ҳилоли Аҳмар татбиқ гардида, асоси ҳуқуқии он Эъломияи Ҷидда оид ба амалҳои башардӯстона мебошад. Ин Эъломия дар ҷаласаи панҷуми машваратии кишварҳои исломии узви Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх, ки аз 22-ум то 25-уми июли соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, қабул шудааст.
Мақсади асосии лоиҳа рушди қобилиятҳои инсонии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона ва тиббӣ тавассути истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Саудӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии исломии Ҳилоли Аҳмар мебошад.
Ин иқдоми муҳим як қадами устувор ба самти тақвияти ҳамкорӣ миёни Ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмар ва мусоидат ба боло бурдани сатҳи омодагии башардӯстона дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Маводи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”



