27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
18.08.2025 08:59

Трамп ба дастони аврупоиҳо оби сард рехт

Ин ду роҳбар, бо вуҷуди он ки бузургтарин душманони стратегии якдигар ба шумор мераванд ва тавони нобудии шаҳрҳои асосии тарафи муқобилро зарфи ҳафт соат доранд, бо хунсардӣ ва лабханд вориди музокира шуданд. Тасвире, ки паёми контроли комили авзоъро илқо мекард.

Мулоқоти ахири Владимир Путин ва Доналд Трамп ба саҳнаи ошкор аз қудратнамоии ду абарқудрати атомии ҷаҳон бадал шуд. Дидоре, ки ба гуфтаи Малик Ситез, пажӯҳишгари умури байналмилал аврупоиҳоро хашмгин карда ва мавқеияти онҳоро дар буҳрони Украин беш аз пеш тасзиф кардааст.

Бар асоси ривояти Малик Ситез, нишаст бо намоиши қудрати низомии Амрико оғоз шуд. Путин ва Трамп дар миёни намоишгоҳ ва бомбаафканҳои пешрафтаи В2 зоҳир шуданд ва бо фишурдани дастони якдигар, дар фазое ҳамроҳ бо ғуриши ин ҳавопаймо гуфтугӯро оғоз карданд.

Нишасти хабарӣ пас аз дидор фақат 11 дақиқаву 38 сония тӯл кашид. Путин бо суханронии катбӣ ҳашту ним дақиқа ба шарҳи пешшартҳо ва фурсатҳои худ пардохт, дар ҳоле ки Трамп фақат чаҳор дақиқа суҳбат кард ва ваъда дод, пас аз дидор бо роҳбарони Украина ва Аврупо мавзеашро эълон кунад.

Ба гуфтаи Ситез, дар ин дидор хабаре аз лаҳни таҳдидомези маъмули Трамп набуд ва ӯ бо эҳтиром аз Путин ёд кард ва ӯро “дӯсти наздик” хонд. Путин низ бо нигоҳҳои ҳисобшуда вокуниши истихборотӣ ба ин рафтор нишон дод.

Яке аз нуктаҳои калидии ин нишаст, изҳороти Путин дар бораи масъулияти буҳрони кунунӣ буд. Ӯ гуфт, ки ин вазъият натиҷаи иштибоҳоти Президенти пешини Амрико аст ва таъкид кард, ки агар Трамп дар қудрат буд, ҷанг рӯх намедод. Ба бовари Ситез, ин мавзеъгирӣ як “ҳадяи сиёсӣ” ба Трамп ва подоше аст, ки ӯ муддатҳо дар интизораш буд.

Дар поён Ситез менависад, ки Трамп бозандаи ин дидор набуд, аммо Путин пирӯзи қатъии саҳна ба шумор мерафт. Ӯ оташбасро машрут ба таҳқиқи пешартҳои худ донист, идомаи музокиротро вобаста ба вокунишҳои Аврупо ва Украина кард ва Трампро ба дидори дубора дар Маскав даъват намуд.

Ба гуфтаи ин пажӯҳишгар ин дидор аврупоиҳоро асабонӣ кардааст, зеро бидуни ҳимояти Амрико нақши таъйинкунандае дар буҳрони Украина надоранд. Трамп дирӯз бар дастони аврупоиҳо оби сард рехт. Иборате, ки Ситез онро намоди фосила гирифтани Президенти Амрико аз авлавиятҳои Аврупо дар мувоҷеҳа бо Русия медонад.

Фаришта Бохтарӣ,  Афғонистон

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.