Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Беш аз 1000 тонна маҳсулоти Суғд дар Қазоқистон ба намоишу фурӯш бароварда шуд
Бинобар иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Суғд 16-ум ва 17-уми августи соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Манбаъ меафзояд, ки зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва ҳокими шаҳри Остона Женис Қосимбек иттилоъ дода шуд, ки дар ярмарка беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуд.
Гуфта мешавад, ки корхонаҳои пешсафи вилоят, ширкатҳои консервабарорӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳои миллӣ (қанду набот, ҳалво, кулчаҳо) дастранҷи худро пешниҳод намуданд. Ҳамчунин матоъҳои атласу адрас, либосҳои миллӣ, қолинҳо, кордҳо, хушкмева, сабзавот, тарбузу харбуза ва маҳсулоти дигар таваҷҷуҳи харидоронро ҷалб намуданд.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки дар намоишгоҳ ҳар як шаҳру ноҳияи вилояти Суғд то 40-50 тонна маҳсулот пешкаш карда, бонувон дар хаймаҳои миллӣ нонҳои гуногун, кулчаҳо ва самбусаҳо пухта, ба сокинони пойтахти Қазоқистон пешкаш намуданд. Ошпазони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 10 деги бузург оши палави тоҷикӣ омода карданд, ки аз ҷониби сокинони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон гарм истиқбол гардид.
Сокинони пойтахти Қазоқистон аз маҳсулоти кишоварзӣ, хушкмева, сабзавоту меваи тар ва дигар анвои хӯроки миллӣ бо хушнудӣ харидорӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин ярмаркаҳо ба таъмини бозор бо маҳсулоти босифату арзон ва таҳкими дӯстиҳои мардумӣ мусоидат мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”