27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
18.08.2025 08:36

Ҳамзат Чимаев чемпиони нави UFC дар вазни миёна гардид

Дар Чикагои Амрико мусобиқаи UFC 319 баргузор гашт, ки муҳорибаи асосии он миёни Дрикус Дю Плесси ва Ҳамзат Чимаев барои камарбанди чемпионӣ дар вазни миёна буд.

Рақобати мазкур панҷ раунди пурра давом карда, бо қарори якдилонаи доварон Ҳамзат Чимаев ғолиб дониста шуда, қаҳрамони нави UFC дар вазни миёна гардид.

Ҳамзат Чимаев дар муҳорибаи мазкур, ки 25 дақиқа идома кард, зиёда аз 21 дақиқа ҳарифашро дар замин идора намуда, беш аз 500 зарба зад, ки ин рекорд аст.

Бо ин вуҷуд, қисми зиёди ҳаводорони муҳорибаҳои омехта аз чунин шакл гирифтани муҳориба норозигӣ карданд. Онҳо ба боваре буданд, ки Ҳамзат Чимаев дар раунди якум ё дуюм ҳарифашро бо тариқи бӯғӣ кардан таслим мекунад, вале дар баробари зиёда аз 21 дақиқа идора кардан дар замин ба варзишгар муяссар нашуд, ки ғалабаи фаврӣ ба даст орад.

Пас аз муҳориба, Ҳамзат Чимаев барои фавран ғолибият ба даст наовардан аз ҳаводоронаш узр пурсида изҳор дошт, ки омода аст охири моҳи октябр дар мусобиқаи UFC 321 муҳорибаи навбатиашро гузаронад.

Тибқи иттилои дастрас, дар муҳорибаи мазкур  Ҳамзат Чимаев 2 миллиону 682 ҳазор доллар ва ҳарифи ӯ Дрикус Дю Плесси 3 миллиону 792 ҳазор доллар ба даст овардаанд.

Ҳамчунин, аз Ҳамзат Чимаев пурсиданд, ки дар рӯйхати беҳтарин размкорон новобаста аз вазн худро дар ҷойи чандум мегузорад? Ӯ посух дод, ки худро дар ҷойи якум мегузорам.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.