Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар шаш моҳи охир дар Тоҷикистон 564 ҳодисаи сӯхтор рӯй додааст
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 564 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 33 ҳолат бештар мебошад.
Бар асоси иттилоъ, дар натиҷаи ин ҳодиса 14 нафар, аз ҷумла шаш ноболиғ ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамзамон 87 нафар наҷот дода шудааст. Ҳаҷми зарари молӣ бошад беш аз 15 миллиону 622 сомонӣ ҳисоб шудааст. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки бо фаро расидани фасли гармо ва баланд шудани ҳарорати ҳаво ҳодисаҳои рӯй додани сӯхтор бештар мушоҳида мешавад. Ҳодисаҳо асосан бинобар беаҳамиятии шаҳрвандон, истифодаи аз меъёр зиёди таҷҳизоти барқӣ ва бозии кӯдакон бо оташ рӯй додааст.
Ҷамшед Ниёзов, нозири калони Хадамоти давлатии оташфишонӣ гуфт, ҳар сол даҳҳо гегтар ҷангал низ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба коми оташ меравад. Ӯ масъулини баъзе аз муассисаҳо ва хоҷагиҳоро ба бемасъулиятӣ муттаҳам намуда, зикр мекунад, ки онҳо дастурҳои нозирони оташфишониро иҷро намекунанд. Мақомот аз роҳбарони муассисаҳо, хоҷагиҳои ҷангал ва шаҳрвандон даъват мекунанд, ки дар пешгирии сӯхтор бетараф набошанд ва дар вақти рӯй додани ҳодиса бо рақамҳои 01 ё 101 ба хадамоти оташфишонӣ хабар диҳанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”