Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ғалабаи дурахшони Фаридун Одилов дар ACA 190
Шоми гузашта дар шаҳри Маскав мусобиқаи АСА 190 баргузор гардид, ки аз ҷиҳати муҳимият дуюм муҳорибаи асосии он рақобати размкори шинохтаи тоҷик Фаридун Одилов ва Леонардо Силва буд.
Рақобати махкур се раунд давом карда, бо қарори ҳамаи доварон варзигари тоҷик Фаридун Одилов ғалабаро ба даст овард.
Дар рӯйхати беҳтарин размкорони вазни нимвазнини ташкилоти АСА Леонардо Силва дар ҷойи чорум ва Фаридун Одилов дар мавқеи панҷум қарор доштанд ва эҳтимол варзишгари тоҷик як ё якчанд зина боло бурда шавад.
Пас аз муҳориба Фаридун Одилов ба мураббиён ва мухлисонаш ташаккур гуфта, чунин иҳзор дошт: “Мо тавонистем, ки тибқи нақшаи омодакардаамон муҳорибаро гузаронем. Ҳама медонад, ки ман барои камарбанди чемпионӣ дар вазни нимвазнин ҷангидан мехоҳам, вале тавре ки маълум аст барои ин мебояд интизор шуд. Аз ин сабаб, ташкилоти ACA касеро лоиқ донаду пешниҳод намояд, ман омодаи муҳориба ҳастам”.
Бояд бигӯем, ки Фаридун Одилов дар муҳориба дар ҳама мавқеъ аз ҳарифаш бартарӣ дошт, махсусан ӯ қариб ду раунд рақибашро дар замин идора кард.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”