27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
16.08.2025 18:10

ВАЗИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР БОРАИ АМАЛӢ КАРДАНИ ЛОИҲАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ГУФТУГӮ НАМУДАНД

Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Журабек Мирзамахмудов, Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Бар асоси иттилои расонаҳо дар мулоқот роҳбарон ва масъулони ширкатҳои сӯзишворӣ ва энергетикии ду кишвар ширкат намуда, масоили вобаста ба ҳамкориҳои энергетикиро баррасӣ карданд.

Вазирони ду кишвар ҳамчунин, ба ҳамоҳангсозии фаъолияти низомҳои энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавсими тирамоҳ ва зимистони солҳои 2025-2026 таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Масъалаҳои техникии вобаста ба лоиҳаи “Пайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ” мавриди гуфтугӯ ва муҳокима қарор гирифт.

Ду ҷониб таъкид карданд, ки ҳамкории энергетикӣ миёни ду кишвар, ки бо ташаббуси сарони кишварҳо – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз ёфтааст, бо суръат рушд мекунад ва ҳамаи самтҳои асосии соҳа, аз ҷумла интиқод, истеҳсол ва идоракунии энергияро фаро мегирад. Дар поёни нишаст вазирони ду кишвар аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори умедворӣ карда, омодагии худро барои таҳким бахшидани муносибатҳои стратегӣ ва бародарона ба манфиати мардуми ҳарду кишвар тасдиқ намуданд.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.