Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
“Худам шоҳу табъам вазир”. Чаро мушкили таксиҳо дар пойтахт зиёд шуд?
Моҳи июни соли равон шаҳрдории Душанбе аз 12 ширкате, ки ба мусофиркашонӣ машғул буданд, танҳо ба 4 ширкат “Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” иҷоза дод, ки дар пойтахт фаъолият кунанд.
Мувофиқи қарори мазкур, ҳар ширкат ҳуқуқ дорад, ки 3 ҳазор таксӣ дошта бошад ва дар ҷамъ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 12 ҳазор кирокаш фаъолият мекунад.
Ҳамчунин, дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе машғуланд, дар доираи квотаҳои муқарраргардида барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то 1 сентябри соли равон муҳлат доранд.
МУШКИЛЕ, КИ РӮЗ АЗ РӮЗ ЗИЁД МЕШАВАД, ВАЛЕ...
Ҳарчанд дар шаҳри Душанбе шумораи таксиҳо афзуд, аммо ҳамон қадар шикояти мардум аз фаъолияти онҳо зиёд гардид. Мутаассифона, ҳоло дар кӯчаҳои пойтахт бархеҳое ҳамчун кирокаш кор мекунанд, ки на одоби касбиро риоя мекунанду на вазифаи инсониашонро. Онҳо дар назди мусофир ист мекунанд ва куҷо рафтанашро мепурсанд, агар самти мерафтаи мусофир ба онҳо писанд наояд ё дигар тараф рафтанӣ бошанд, бе ягон дудилагӣ ва шарму ҳаё "он тараф намеравам мегӯянд". Яъне мусофир бояд ба самте биравад, ки махсус таксист он ҷо рафтанӣ аст ё ба ӯ ҳамон кӯчаву маҳалла писанд бошад? Бархе кирокашҳои мо тавре фаъолият мекунанд, ки агар ба онҳо самти дигарро бигӯӣ, рад мекунанд. Яъне "худам шоҳу табъам вазир".
Дар ин росто, бояд бигӯем, ки намояндагони дигар касбҳо, аз ҷумла табиб, муаллим, журналист ҳам медонанд, ки дар баъзе ҳолатҳо бо бархе одамон кор кардан душвор аст. Як бемор нозук аст, як шогирд эрка аст, як мусоҳиб азодор ё мушкилдор аст, вале табибу муаллиму журналист аз корашон даст намекашанд, балки бо онҳо кор мекунанд ва яке табобат мекунад, дигаре таълим медиҳад ва савумӣ дарди дили ӯро менависад. Агар намояндагони ин касбҳо низ монанди бархе таксистҳо на рисолати касбӣ гӯянду на хизмат ба ҷомеа пас аз аҳволи мардум чӣ мешавад?
Ҳамчунин, шоҳид мешавем, ки баъзе таксистҳо хизматрасонӣ ба мусофиронро бо сабаби наздик будани масофа рад мекунанд. Яъне фикр доранд, ки "то ҷое, ки мусофир меравад 10 сомонӣ мешавад ва он кироӣ рафтан намекунад".
Ҳамин ҷо ҳам тассавур кунем, ки барои пули кам кор кардан духтур аз гузаронидани як сӯзандору даст бикашад ва бигӯед, ки "як сӯзандору гузаронидан се сомонӣ аст ва кироӣ кор карданро надорад!", аҳволамон чӣ мешавад? Оё ченаки кор танҳо пул аст?
Махсус бояд қайд кард, ки фаъолияти таксистҳо дар бозори "Корвон" бисёр ташвишовар аст. Якеро барои селлофанҳои зиёдаш, дигареро барои роҳи кӯтоҳи мерафтааш ва сеюмиро барои самти мерафтааш рад мекунанд. Рӯйи рост мегӯянд, ки "он тараф намеравам".
Ҳамчунин, дар бозори "Корвон" қисми зиёди мошинҳое, ки ба ин ё он ширкат дахл доранд, ҳамчун таксии 10-сомона кор мекунанд. "Садбарг" ё "Қарияи боло" мераванд. Онҳо аз номи ширкатҳо истифода мебаранд, аммо кор намекунанд. Мардум дар гармӣ бо селлофану ҷузвдонҳои гарон дақиқаҳои зиёд дар интизори таксисти ҳақиқӣ меистанд.
Мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳама таксистҳоро дар назар надорам, зеро дар миён ҳастанд онҳое, ки воқеан ҳам вазифаашонро софдилона иҷро мекунанд, вале шумораи кирокашҳои "худам шоҳу табъам вазир" ҳам кам нест. Нуктаи асосӣ ин аст, ки дар ҳама ҳолат мо маҷбур ҳастем, ки вазифаи касбиву инсониамонро иҷро кунем. Танҳо пулро ҳар мадди аввал мондан моро хеле ақиб мебарад.
ХУЛОСА Ё РОҲИ ҲАЛ
Бояд ин мушкилро ширкатҳои таксӣ бо ронандаҳояшон ҳал кунанд. Бигзор ронандаҳои саркаш ҷозо гиранд ва дар ҳолати такрор аз сафи ронандаҳо хориҷ карда шаванд, зеро чунинҳо ҳам номи ширкатҳоро сиёҳ мекунанд ва ҳам фикри мардумро нисбат ба ҳамаи кирокашҳо тағйир медиҳанд.
Инчунин, мақомоти интизомӣ ҳам агар корбарӣ кунанду чандеро барои саркашӣ аз рисолати касбӣ ҷазо диҳанд, шояд барои дигарон ибрат шавад.
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”