Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин: "Ба анҷоми ҷанг бо Украина манфиатдорем". Трамп: "Шояд ба Маскав равам."
Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия баъди мулоқоти дуҷониба дар Аляска бо ҳузури хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони расонаҳои амрикоӣ ва ҷаҳон ҳузур пайдо намуда, ба сарони ду кишвар суол доданд ва аксари суолҳо ба масоили ҷанги Украина марбут буд. Дар нишасти матбуотӣ Владимир Путин гуфт, ки дар Аляска музокироти созанда доир шуд ва хитоб ба Доналд Трамп афзуд: Хушҳолам, ки Шуморо дар саломатӣ мебинам". "Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамсояҳои наздиканд, ҳарчанд ки уқёнус онҳоро ҷудо мекунад. Аляска бахше аз таърихи муштараки миёни Русия ва Амрико аст”- зикр кард Владимир Путин.
Ӯ афзуд, ки "мо миллати Украинаро ҳамеша миллати бародар мешуморем ва аз ин рӯ, ба ҳалли масъалаи Украина манфиатдор ҳастем". Президенти Федератсияи Русия гуфт, робитаҳои Русияву Амрико аз оғози ҷанги сард ҳоло ба поинтарин ҳад расидааст: “Гуфтугӯ миёни Русия ва Амрико амри зарурӣ аст ва ду кишвар бояд ба гуфтугӯ рӯ меоварданд, то аз бархӯрд дур мешуданд”.
Президенти Русия бо ишора ба ин ки музокирот судманд ва созанда буд, афзуд: “Ҳалли буҳрони Украина бояд аз асос бошад ва нигарониҳои амниятии Русияро бартараф кунад”. Ӯ афзуд, ки имкони поён додан ба ҷанги Украина вуҷуд дорад. "Мо шоҳиди майли Трамп барои дарк кардани сабабҳои даргирӣ дар Украина будем ва ба анҷоми он алоқамандем”- гуфт Владимир Путин.
Ӯ таъкид кард, агар Трамп президенти Амрико мебуд, ҷанг дар Украина рӯй намедод. Президенти Амрико Доналд Трамп дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки гуфтугӯи созанда бо Владимир Путин дошт ва дар бисёр масъалаҳо ба созиш расиданд, вале чанд масъалаи аслӣ боқӣ монд, ки ниёзманди гуфтугӯи бештар аст. “Музокирот бисёр созанда буд, дар хусуси масъалаҳои зиёд ба созиш расидем, ҳарчанд баъзе аз масъалаҳо боқӣ монд”- зикр кард Доналд Трамп.
Ӯ таъкид кард, бо Зеленский ва НАТО тамос мегирад, то онҳоро аз натиҷаҳои мулоқот бо Путин огоҳ кунад. Ӯ бо сипосгузорӣ аз Путин ва ҳайати ҳамроҳаш дар музокирот гуфт, ки эҳтимол дорад ба Маскав сафар кунад. Доналд Трамп таъкид намуд, ки дар масъалаи асосӣ - ҷанги Украина бо Русия ҳанӯз ба созиш нарасиданд, аммо имкони хуб барои созиш вуҷуд дорад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”