Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
ТРАМП: “ДАР БОРАИ БИСЁР МАСЪАЛАҲО БА СОЗИШ РАСИДЕМ”. ПУТИН “МУЗОКИРОТ СОЗАНДА БУД”
Дидор ва гуфтугӯи Доналд Трамп, Президенти Амрико бо Владимир Путин, Президенти Русия дар минтақаи Аляскаи Амрико баргузор шуд.
Доналд Трамп мулоқот бо Владимир Путинро “бисёр созанда” номида, афзуд, ки “баъзе аз масъалаҳо то ҳол ҳал нашудаанд, аммо пешрафтҳо ба даст омадаанд”. Дар поёни нишаст Трамп ба Путин гуфт “ба зудӣ мебинамат” ва Путин посух дод, ки “дар Маскав”.
Шоми ҷумъа музокироти Доналд Трамп ва Владимир Путин дар қароргоҳи Элментдорф-Ричардсон, воқеъ дар канори шимолии Анкориджи Аляска доир шуд. Қабл аз оғози музокирот ду ҷониб дар майдони ҳавоии Аляска дидор ва гуфтугӯи кӯтоҳе доштанд. Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров баъди анҷоми ин мулоқот гуфт, ки бахше аз таҳримҳои Амрико бар зидди Русия “қатъан” бекор хоҳад шуд. Ҳамзамон, Рейтерз хабар дод, ки Путин имрӯз фармоне имзо мекунад ва бар асоси он ба ширкати амрикоии “Exxon Mobil” иҷозаи бозгашт ба лоиҳаи нафтии “Сахалин-1” –ро медиҳад. Ин ширкат дар соли 2022 баъди хориҷ шудан аз Русия саҳми 30 фоизаашро аз даст дод.
Расонаҳои амрикоӣ низ навиштанд, ки ҳукумати Трамп рӯйхати таҳримҳоро баррасӣ дорад, ки дар сурати пешрафти музокирот, онҳоро метавонад зуд бекор кунад. “Сахалин-1” то ҳол зери таҳримҳои мустақими бахши энергетикаи Русия аз сӯи Амрико қарор надошт. Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи "Вашингтон Пост" навишт, роҳбарони аврупоӣ аз оғози мулоқоти Трамп ва Путин изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кардаанд, ки ҳар гуна тағйир дар сиёсати таҳримҳо бояд бо ҳамоҳангии муттаҳидони Аврупо сурат гирад.
Доналд Трамп дар гуфтугӯ ба "Фокс Нюс" таҳдидҳои атомтиро яке аз масъалаҳои асосии музокирот дониста, гуфт: “агар корҳо хуб пеш раванд, боз як нишаст бо Путин доир хоҳам кард”. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки хостори барқарор кардани оташбас дар Украина мебошад ва ҳушдор дод, ки дар сурати ба даст наомадани ин ҳадаф “хушҳол нахоҳад шуд”. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки мулоқоти баъдӣ бо ҳузури Владимир Зеленский доир мешавад. Аз сӯи дигар Андрей Белоусов, вазири дифои Русия, ки дар музокирот ширкат дошт, фазои нишастро “бисёр мусбат ва олӣ” тавсиф кард.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”