27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Гуландом Сафаралиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон даргузашт
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гуландом Сафаралиева дар синни 81-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Ҳунарманди хушноми тоҷик Гуландом Сафаралиева, ки дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ зиёда аз 40 сол фаъолият кардааст, бо иҷрои нақшҳои мондагораш ба ёдҳо мемонад.
Гуландом Сафаралиева аз зумраи ҳунармандони ангуштшуморе буд, ки ҳам дар намоишҳои фоҷиавӣ ва ҳам мазҳакавӣ бо маҳорати воло нақш мебозид. Номбурда дар намоишҳои “Фоҷиаҳои хурд”, “Ҳуррият”, “Хизматгори ду хоҷа”, “Ваня-тағо”, “Эзоп”, “Ҳамлет”, “Шоҳ Лир”, “Тӯй”, “Имтиҳон”, “Бой ва хидматгор”, Интизорӣ”, “Охирин арӯси амиралмуъминин”, “Афсонаҳои мӯйсафед”, “Эдип”, “Нодира”, “Зебунисо” ва ғайраҳо бо маҳорати баланд нақш офарида, муҳаббати мардумро ба даст овардааст.
Ёдовар мешавем, ки Гуландом Сафаралиева 25-уми июни соли 1944 дар деҳаи Дошманди ноҳияи Кӯлоб таввалуд шудааст. Соли 1964 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст. Дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ беш аз чор даҳсола ба сифати ҳунарпеша заҳмат кашидааст. Зиёда аз ҳафтод нақши драмавӣ, фоҷиавӣ ва мазҳакавӣ бозидааст. Барои хизматҳои арзанда дар рушди санъати театри тоҷик Гуландом Сафаралиева соли 1989 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1998 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардидааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”