Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Сертификат аз Корея. Омӯзгорони тоҷик дар машғулиятҳои амалӣ соҳаҳои навро омӯхтанд
Омӯзгорони тоҷик дар Корея сертификати барномаи махсусро, ки шиносоиву омӯзиши соҳаҳои навро фаро мегирад, соҳиб шуданд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, як гурӯҳ омӯзгорони тоҷик дар барномаи омӯзишии “KLIC LEAD Global Workshop 2025”, ки дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея доир гардид, иштирок намуданд.
Ба навиштаи манбаъ, барномаи мазкур машғулиятҳои амалӣ оид ба зеҳни сунъӣ (AI), барномасозӣ, омӯзиши асосҳои рақамии таълим, истифодаи EduTech, тарҳрезии дарс, боздид аз муассисаҳои таълимии инноватсионӣ, ширкатҳои пешрафтаи технология ва ошноӣ бо фарҳанги Кореяро дар бар гирифт.
Гуфта мешавад, ки иштироки омӯзгорони тоҷик дар барномаи омӯзишии “KLIC LEAD Global Workshop 2025” дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳуми миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг амалӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки дар маросими ҷамъбасти даври омӯзишии барномаи мазкур роҳбарияти Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг ба иштирокчиён сертификати хатми барномаро супорид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”