Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аббос Ироқчӣ мегӯяд, Исроил бори дигар ба Эрон ҳамла намекунад
Аббос Ироқчӣ мегӯяд, ки эҳтимоли оғоз шудани ҷанг ҳамеша вуҷуд дорад, аммо дар ҳоли ҳозир Исроил бори дигар ба Эрон ҳамла намекунад.
Аббос Ироқчӣ дар суҳбат бо телевизиони Эрон гуфт, пешбинияш ин аст, ки Исроил бори дигар ба Эрон ҳамла намекунад ва набояд афкори умумиро ҳамеша дар ҳоли тарсу изтироб нигоҳ дошт.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, ки ҷанги баъдӣ, монанди ҷанги гузашта нахоҳад буд ва бояд нигарони фиребҳои низомию равонӣ ва иқтисодиву сиёсии душман буд.
Ӯ таъкид кард, ки эҳтимоли ҷанг ҳамеша вуҷуд дорад, аммо мардум бояд аз эҳсоси тарсу изтироб ва ё бетафовутӣ дурӣ кунанд. Ба гуфтаи Аббос Ироқчӣ душманон талош мекунанд “фазои равонӣ эҷод кунанд, то моро дар тарси ҷанг нигоҳ доранд, ки худ ба худ таъсири ҷангро дорад, яъне бидуни ин ки ҷангем, таъсири ҷанг таҳмил мешавад”.
Ӯ гуфт, бояд муроқиби фазосозӣ барои ҷанг ва бозӣ бо афкори умумӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, қабл аз ҷанги 12-рӯза бо дар назар гирифтани шароити минтақа ва байналмилалӣ ҳис мекард, ки ҷанг метавонад наздик бошад, вале ҳоло ин “ҳис”-ро надорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”