27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
15.08.2025 15:08

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз 100 сол ба рӯйхати кишварҳои сарватманд ворид мешаванд

Бонки ҷаҳонӣ бар асоси омори нав гуфт, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баъд аз 100 сол ба гурӯҳи кишварҳои сарватманде шомил мешаванд, ки даромади солонаи баланд бар ҳар сари аҳолӣ доранд. Имрӯз ин нишондиҳанда барои чунин давлатҳо аз 14 ҳазор доллар боло мебошад.

Бар асоси гузориши таҳлилии Бонки ҷаҳонӣ, ки он ба суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, кишварҳо аз рӯи сатҳи даромад ба чор гурӯҳ ҷудо мешаванд.

Кишварҳои сатҳи даромадашон паст, то 1,1 ҳазор доллар, пасттар аз миёна, 1,1 ҳазор то 1,5 ҳазор доллар, болотар аз миёна, 4,5  то 14 ҳазор доллар ва баланд, бештар аз 14 ҳазор доллар.

Бар асоси арзёбии мутахассисон нахустин кишварҳое, ки ба гурӯҳи кишварҳои дорои даромади сатҳи баланд шомил мешаванд, Туркманистон ва Қазоқистон хоҳанд буд. Бар асоси ҷадвале, ки дар ҳисобот зикр шудааст, ба ин ҳадаф онҳо дар камтар аз 30 сол мерасанд.

Тақрибан баъд аз 70 сол ба ин рӯйхт Қирғизистон низ ҳамроҳ хоҳад шуд. Ба ҳамин муҳлат, барои расидан ба сатҳи кишварҳои дорои даромади баланд Беларус ва Украина низ ниёз хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи коршиносон барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон камтар аз як аср кофӣ нахоҳад буд. Ин кишварҳо фақат баъд аз сад сол метавонанд ба ин гурӯҳ шомил шаванд. Ба ҳамин гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ҳамчунин, Озарбойҷон низ дохил мешавад.

Гуфта мешавад, ин пешгӯӣ тибқи иттилои рушди иқтисодии кишварҳо дар даҳ соли ахир, аз ҷумла давраи буҳрони иқтисодӣ, ки аз пандемияи КОВИД 19 ба вуҷуд омад, омода шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.