Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қирғизистон аз моҳи сентябр талаботи истифода аз забони давлатиро сахттар мекунад
Аз моҳи августи соли 2025 дар Қирғизистон қоидаҳои нав оид ба истифодаи забони давлатӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Ин қонунро Президенти Қирғизистон Садир Жапаров рӯзи 9-уми август ба имзо расонд. Санад баъд аз даҳ рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад.
Бо қабули ин қонун лозим меояд, ки ба беш аз 10 санадҳои қонунгузории дигар тағйирот ворид карда шавад. Қонуни мазкур рӯзи 25-уми июн аз ҷониби парлумони Қирғизистон қабул карда шуда буд.
Ин қонун донистани забони давлатиро ба намояндагони як қатор касбу вазифаҳо ҳатмӣ мекунад. Аз ин ба баъд, забони давлатиро бояд ҳатман донанд ва истифода кунанд. Вакилони маҷлиси халқӣ, адвокатҳо, нотариусҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти миллӣ, довталабони мансабҳои давлатӣ ва суду прокурорҳо вазифадоранд, ки забони давлатиро сад дар сад донанд.
Дар соҳаи номгузориии географӣ мушаххас шудааст, ки ба объектҳо фақат ба забони давлатӣ ном гузошта шавад ва тарҷумаи онҳо ба забонҳои дигар манъ аст. Дар санадҳои расмӣ, расона ва харитаҳо чунин номҳо фақат бо роҳи транслитератсия бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ истифода мешаванд.
Дар қонун “Дар бораи реклама” муқаррар шудааст, ки нашр кардани реклама фақат бо забони давлатӣ имконпазир аст ва бо хоҳиши фаромишгар мумкин аст он ба забонҳои дигар низ тарҷума шавад. Матни рекламаи беруна бояд аз сӯи мақомоти маҳаллӣ аз ҷиҳати мутобиқат ба меъёрҳои забон ва имло санҷида шавад. Реклама аввал бо забони давлатӣ ва баъдан бо забони расмӣ ҷойгир карда мешавад, ба шарте, ки андозаи ҳарфҳо дар забони расмӣ хурдтар бошад.
Барои радио ва телевизион ҳадди аққал 60 фоизи муҳтаво ба забони давлатӣ дар вақти эфир муқаррар шудааст. Агар барнома ё филмҳо ба забони давлатӣ набошанд, онҳо бояд тарҷума шаванд. Ҳамин меъёр, (60%) барои паёмҳои овозӣ ва мусиқӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ ҷорӣ мегардад.
Дар самти бонкдорӣ ва ташкилотҳои хурди молиявӣ ҳамаи шартномаҳо бояд бо забони давлатӣ, бо имкони тарҷума бо забонҳои дигар омода шаванд. Маълумоти пурра дар хусуси қарзҳо барои муштариён ҳатман ба забони давлатӣ дода мешавад.
Дар сиёсати муҳоҷират талаботи донистани забони давлатӣ барои хориҷиёне, ки мехоҳанд иҷозаи иҷомат гиранд, сахттар мешавад. Барои гирифтани мақоми муҳоҷир фақат донистани забони расмӣ кофӣ нахоҳад буд.
Дар соҳаи маориф имтиҳонҳои хаттӣ ва шифоҳӣ аз забони давлатӣ дар вақти гузариш аз як марҳилаи таҳсил ба марҳилаи дигар ва хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ҷорӣ мешаванд. Дар мактабҳо низ имтиҳонҳои ҳатмии хаттӣ ва шифоҳӣ аз забони давлатӣ ба роҳ монда мешаванд.
Ба ҷуз ин, рӯйхати объектҳое, ки иттилооти умумӣ бояд аввал бо забони давлатӣ ва сипас, бо забони расмӣ навишта шавад, васеъ мегардад. Инҳо лавҳаҳо, эълонҳо, нишонаҳо, реҷаи корӣ, огоҳӣ ва хабарнмаҳо мебошанд.
Бар асоси тағйирот ба кодекси ҳуқуқвайронкуниҳо, барои нақзи қонунгузории забон аввал огоҳӣ дода мешавад, вале дар давоми як сол аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ин амал боз такрор шавад, ҷарима ба андозаи 170 нишондиҳандаи ҳисобҳо 17 ҳазор сом (тақрибан 195 доллар) таъин мегардад. Баррасии чунин парвандаҳо ба дӯши мақомоти ваколатдор оид ба забон ва сиёсати забонӣ гузошта шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”