Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳамос мегӯяд агар Исроил ақибнишинӣ кунад, ҷангҷӯёнашро аз Ғазза хориҷ мекунад
Гурӯҳи Ҳамос пешниҳод кардааст, ки дар сурати ақибнишинии Исроил аз минтақаҳои мувофиқашуда аз Навори Ғазза ҷангҷӯёнашро хориҷ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ин пешниҳод аз сӯи Ҳамос барои пешниҳод ба Исроил ба ҷониби Миср супорида шудааст. Ҳамос ба зарурати расидан ба тавофуқи хаттӣ бо кафолатҳои байналмилалӣ барои қатъи ҷанг ва пешгирӣ аз ишғоли пурраи Ғазза таъкид намудааст.
Ҳайате бо роҳбарии Халил ал-Ҳайя, яке аз роҳбарони Ҳамос рӯзи чоршанбе, 13-уми август вориди Қоҳира шуд, то бо мақомоти мисрӣ дар хусуси вазъияти Ғазза ва Фаластин гуфтугӯ кунад.
Тоҳир ан-Нуну, яке аз масъулони Ҳамос, ки ҳоло дар Қоҳира ҳузур дорад, гуфт, ки музокирот асосан ба қатъи ҷанг, ворид шудани кумакҳои башардӯстона ва кам кардани ранҷи фаластиниён равона шудааст. Ӯ афзуд, ки масъалаи робита бо Миср низ ҷузъи гуфтугӯҳо хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои исроилӣ хабар додаанд, ки Миср нақшаи мукаммале ба Ҳамос пешниҳод кардааст, ки дар он озодии ҳамаи гаравгонҳо аз сӯи Исроил ба ивази озодии фаластиниҳо ва қатъи пурраи ҷанг дар Ғазза пешбинӣ шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”