Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Саволи беҷавоб: Роналду ба Тоҷикистон меояд?
Имрӯз, 15-уми август қуръакашии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё баргузор гардид, ки он ҷо бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе дар як гурӯҳ бо дастаи машҳуртарини Осиё “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ки тибқи қуръакашӣ бошгоҳҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Дастаҳо ду бозӣ мегузаронанд, ки яке дар майдони “Истиқлол” ва дигаре дар майдони “Ал-Наср” доир мегардад.
Пас аз натиҷаи қуръакашӣ боз ҳамон саволи беҷавоби ду сол пеш “Криштиану Роналду, ки дар дастаи “Ал-Наср” бозӣ мекунад, оё ба Тоҷикистон меояд?” пайдо шуд.
Фарзияҳо гуногунанд, аммо ҳоло чизе маълум нест, зеро барои наомадани футболбози португалӣ далелҳо хеле зиёданд. Аз ҷумла, майдони сунъии Душанбе метавонад сабаби наомадани Роналду ба кишвари мо шавад. Аммо саволи мазкур ва пешгӯиҳову назарҳои мухталиф то барпо шудани бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Наср” боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки оғози бозиҳои даври аввали гурӯҳӣ 16-уми сентябри соли равон оғоз мешавад.
Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки дар гурӯҳи “D”, ки дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ қарор гирифтаанд, боз “Ал-Завра”-и Ироқ ва “Гоа”-и Ҳиндустон низ рақобат хоҳанд кард.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”