Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Тоҷикистон аввалин маъракаи эмкунӣ бар зидди ВПЧ дар миёни духтарони то 14-сола оғоз мешавад
Аз 1-уми октябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи нахустини эмгузаронӣ бар зидди вируси папилломаи инсон (ВПЧ) миёни духтарони аз 10 то 14-сола ба шакли ройгон гузаронида мешавад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми июл қабул шуд, ин маърака як моҳ идома ёфта, то 31-уми октябр анҷом меёбад.
Бар асоси иттилои манбаъ, эмгузаронии духтарони 14-сола ба қисми доимии Барномаи миллии эмгузаронӣ дохил шуда ва ҳар сол гузаронида мешавад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуд, ки ваксинаро ба муассисаҳои тиббӣ ва мактабҳои кишвар сари вақт дастрас намояд.
Барои иҷрои ин қарор комиссияи ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазир таъсис ёфтааст, ки ба он намояндагони ВОЗ ва ЮНИСЕФ низ шомил мешаванд.
ВПЧ гурӯҳи зиёда аз 200 намуди вирусро дар бар мегирад, ки бештар бо роҳи ҷинсӣ интиқол меёбанд ва метавонанд боиси бемориҳои гуногун шаванд. Баъзе аз навъҳои он хавфи пайдошавии саратон, аз ҷумла саратони гардани бачадон, вулва, маҳбал ва канали маъқадро бештар мекунанд. Дар Тоҷикистон саратони гарданаи бачадон пас аз саратони сина дуюмин бемории саратонии миёни занон маҳсуб мешавад.
Табибон таъкид мекунанд, ки ваксина ҳангоми гирифтани он пеш аз оғози ҳаёти ҷинсӣ самаранокии баланд дорад, зеро масуниятро барои муқовимат бар зидди вирус пешакӣ омода месозад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”