Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қирғизистон симхоркашӣ дар чанд минтақаи марзии Тоҷикистонро оғоз кард
Мақомоти Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд, ки корҳои симхоркашӣ дар чанд минтақаи марзӣ бо Тоҷикистонро оғоз кардаанд.
Рӯзи 13-уми август ҳукумати вилояти Ботканди Қирғизистон бо нашри чанд акс хабар дод, ки дар минтақаҳои ағбаи Кожо Каари деҳаи Оқ-сой ва мавзеи Каттатузи ноҳияи Лайлак сарбозон ба кашидани симхор оғоз намуданд. Тибқи гуфтаи онҳо, то ба имрӯз 62 километри марз бо симхор аломатгузорӣ шудааст.
Дар иттилои ҳукумати вилояти Ботканд зикр шудааст, ки дар вақти анҷом додани корҳои симхоркашӣ ба сокинони маҳаллӣ огоҳӣ дода мешавад, зеро бархе муассисаҳо ва дарахтон канда мешаванд. Ҳукумати Ботканд таъкид намудааст, ки сокинон нияти дақиқ кардани марз ва кашидани симхорро хуб дарк мекунанд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар ин маврид иттилоъ надодааст. Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар нишасти хабарии ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки масъалаи амломатгузории марз аз ҷониби комиссияи дахлдор пеш бурда мешавад. Қирғизистон қаблан гуфта буд, ки то охири соли ҷорӣ беш аз 400 километри марз бо симхор аломатгузорӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки баъди музокироти тӯлонӣ ниҳоятан Тоҷикистону Қирғизистон ба баҳсҳои марзӣ хотима гузоштанд ва санадҳои ниҳоӣ аз ҷониби роҳбарони ду кишвар имзо шуд. Ҳамчунин, барои поёни низоъ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи "сулҳи абадӣ" ба имзо расид.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”