Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Швейтсария барои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон даст ба кор шуд
Мақомоти тоҷик дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарони як қатор ширкатҳои сайёҳии Шветсария масъалаи боло бурдани обрӯ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зиёдулло Салимзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, Шариф Шерализода, сафири Тоҷикистон дар Швейтсария бо Андриен Жене, директори генералии идораи сайёҳии Женева ва роҳбарони ширкатҳои “Trade Wings Voyages” ва “Executive Travel” мулоқот анҷом дода, масъалаи ҷалби сайёҳон ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Яке аз масъалаҳои асосии гуфтугӯ ташкили намудани маъракаи таблиғотӣ ва муаррифии роҳҳои сайёҳии Тоҷикистон дар бозорҳои Швейтсария буд. Ба таъкиди ҷонибҳо, ин иқдом метавонад шумораи сайёҳони хориҷиро афзоиш дода, барои рушди инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина гузорад.
Ширкатҳои швейтсарӣ омодагии худро барои кор дар лоиҳаҳои дарозмуддат баён кардаанд. Ин лоиҳаҳо на фақат ба боло бурдани ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, балки метавонанд робитаҳои иқтисодиву мубодилаи фарҳангӣ миёни ду кишварро густариш диҳанд.
Медиакомпанияи Primus Publishing, ки бо нашр ва таблиғи саноати сайёҳӣ машғул аст, Тоҷикистонро бо табиати нодир, меҳмоннавозӣ ва мавҷуд будани роҳи афсонавии Помир – яке аз балантарин ва зеботарин шоҳроҳҳои ҷаҳон, тавсиф намудааст.
“Trade Wings Voyages”, аз ҷумлаи ширкатҳои маъруфи Швейтсария аст, ки хидматҳои сайёҳии дараҷаи олӣ барои сафарҳои тиҷоратӣ ва шахсӣ пешниҳод менамояд. Executive Travel бошад, дар Женева қарор дошта, ба ташкили сафарҳои инфродӣ ва хизматрасонии шахсӣ дар саросари ҷаҳон тахассус дорад.
Бо чунин иқдомҳо Тоҷикистон умедвор аст, ки номи он дар харитаи сайёҳии ҷаҳон бо ранги дурахшонтар ишора хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад