Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Консерти Ҷеннифер Лопес ба буҷети Тошканд 3, 3 миллион доллар суди молӣ овардааст
Консерти сарояндаи амрикоӣ Ҷеннифер Лопес дар шаҳри Тошканд зиёде аз 42, 5 миллиард сӯм (тақрибан 3,3 миллион доллар) ба буҷети пойтахти Ӯзбекистон суд ворид кардааст.
Фонди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон мегӯяд, ки консерти Ҷеннифер Лопес рӯзи 7-уми август дар варзишгоҳи “Миллӣ” (Бунёдкор) дар сатҳи баланд баргузор гашт.
Бино ба иттилои ташкилкунандагон дар консерт 31 144 нафар, аз ҷумла мухлисон ва хизматрасониҳои консерт ҳузур доштанд. 25 ҳазор билет фурӯхта шуд ва 67% -и билетҳоро шаҳрвандони хориҷӣ харидаанд. Ба Ӯзбекистон барои тамошои ин барнома 15 330 сайёҳи хориҷӣ омад, ки аз онҳо 8 945 нафар аз Русия, 2495 нафар аз Қазоқистон ва ҳамчунин, меҳмонон аз ИМА ва кишварҳои дигари аврупоӣ буданд.
Тибқи иттилои мақомот барои баргузор кардани консерт маблағ аз буҷети давлатӣ ҷудо нашудааст. Дар даври аввали чорабинӣ сатҳи афзоиши муштариёни пойтахт 25,7% бештар аз ҳамин даври соли гузашта буд.
Гурӯҳи консертии Лопес беш аз 90 нафарро дар бар мегирифт. Дар ташкил ва гузаронидани намоиш 115 нафар ширкат намуданд ва 18 фудкорт ва нуқтаҳои савдо фаъол буданд.
Қаблан, гузориш шуда буд, ки Ҷеннифер Лопес дар Алмаато мухлисони беш аз 30 кишварро ҷамъ оварда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”