Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Коршинос. Дар Осиёи Миёна ихтилофи ҳукуматҳо коҳиш ёфта, ҳамкориҳо рушд мекунад
Дар Осиёи Марказӣ ихтилофоти байни ҳукуматҳо коҳиш ёфта, ҳамкорӣ миёни кишварҳо рушд мекунад. Дар ин хусус директори Институти тадқиқоти осиёӣ Султон Акимбеков дар суҳбат бо расонаҳо изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, қаблан рақобат миёни давлатҳои минтақа бештар эҳсос мешуд, вале ҳоло “ҳадафҳо ва вазифаҳои умумӣ назар ба ихтилофот” зиёдтар ҳастанд ва бисёре аз масъалаҳои душвор ҳалли худро ёфтаанд.
Султон Акимбеков дар ин замина аз ҳамгироии Қазоқистон ва Ӯзбекистон мисол овард. Ӯ гуфт, ки дар гузашта иқтисодиёти Ӯзбекистон бештар хусусияти давлатӣ дошт, вале имрӯз робитаҳои миёни ду кишвар фаъолона рушд мекунанд ва “комилан корӣ ва бидуни ихтилоф” мебошанд.
Эксперт ҳамчунин, аз пешрафт дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ёдовар гардид. Ба гуфтаи ӯ, ду кишвар созишномаи ҳалли масъалаҳои баҳсиро имзо намудаанд ва дигар ихтилофоти ҷиддӣ надоранд.
Султон Акимбеков Қазоқистонро бозигари муҳим дар иртибот бо маркази қудратҳои ҷаҳонӣ номида, таъкид кард, ки ин кишвар дар муносибат бо бозигарони ҷаҳонӣ нақши “сарояндаи гурӯҳи мусиқӣ” –ро мебозад, вале, ҳамзамон як қисми ансамбли воҳид боқӣ мемонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”