27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
14.08.2025 17:35

Сарошпаз дар Қазон. Муҳаммад чӣ гуна ошпазиро ба санъат табдил медиҳад?

Ин навбат бо Муҳаммад Ҷумъазода, ошпази маъруфи тоҷик, ки ҳоло дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунад, ҳамсуҳбат шудем. Ӯ Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро бо ихтисоси тарҷумони забонҳои фаронсавӣ-хитоӣ хатм кардааст, вале роҳи дигарро, дар ошхона кор кардану ба мардум хӯроки болаззат пешниҳод намуданро интихоб кардааст.

Dialog.tj бо Муҳаммад Ҷумъазода дар бобати махсусияти ошпазӣ ва умуман кор дар ошхона суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

- Ҳоло ҷавонони зиёд аз рӯи ихтисос кор намекунанд, балки чанд сол дар мактаби олӣ таҳсил карда, пасон дар соҳаи тамоман дигар кор мекунанд. Аз ҷумла шумо низ, чаро чунин аст?

- Ростӣ, аз замони кӯдакӣ, вақте ки модарам дар ошхона хӯрок омода мекарданд, ман ҳамеша кӯшиш менамудам, ки ба он кас ёрӣ расонам ва умуман раванди омода кардани хӯрокҳои гуногунро медидам ва меомӯхтам. Дар мавриди кор аз рӯи ихтисос бошад, бояд бигӯям, ки ман аз рӯи маълумоти якумам кор накунам ҳам, аз рӯи ихтисоси дуюмам кор карда истодаам. Яъне хатмкардаи Коллеҷи Донишгоҳи инноватсионии Қазон ба номи В. Г. Тимирясов ҳастам. Коллеҷи мазкурро бо ихтисоси ошпаз-қаннод ба итмом расондаам.

Аз рӯи ихтисос кор накардани ҷавонон сабабу омилҳои гуногун метавонад дошта бошад ва умедвор ҳастам, ки ҷавонони тоҷик касбҳоеро меомӯзанд, ки дар оянда маҳз ҳамон омӯхтаҳояшонро барои хизмат ба ҷомеа истифода мебаранд.

- Падару модаратон дар интихоби касбатон чӣ нақш доранд ё онҳо зид набуданд?

- Нақши онҳо хеле зиёд аст, зеро ҳамаша ман дастгириву ғамхориашонро ҳис мекунам. Бисёр хушбахтам, ки касбу кори маро волидонам хуб қабул кардаанд ва роҳнамоям ҳастанд.

- Шумо бештар худатонро ошпаз меҳисобед ё қаннод?

- Дар коллеҷ ҳам ошпазӣ ва ҳам қаннодиро омӯхтаам. Ҳоло ҳам ошпазӣ мекунам ва ҳам қаннодӣ. Аслан ин ду кор бо ҳам алоқаи зич доранд ва бисёр хуб мешаванд, ки ҳар дуяшро дар як вақт пеш барӣ.

- Шумо дар пештоқи саҳифаи инстаграматон худро ҳамчун “Шеф-повор” муаррифӣ кардаед, оё унвони “Шеф”-ро доред?

- Бале, ин унвонро дорам ва тӯли ду сол мешавад, ки сарошпази яке аз тарабхонаҳои калони шаҳри Қазон ҳастам.

- Ҳоло дар Россия кору зиндагӣ доред, бигӯед, ки чаро онҷоро интихоб кардед?

- Тӯли се сол мешавад, ки дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунам. Сабаби ин ҷо буданам, пеш аз ҳама, сайқали ҳунар, омӯхтани нозукиҳои касб ва шинос шудан ба номгӯи таомҳои гуногун мебошад. Ин ҷо ҳам кор мекунам, ҳам меомӯзам ва ҳам таҷрибаамро зиёд мегардонам.

- Мебинем, ки бисёр хӯроку шириниҳо омода мекунед, оё дар феҳрист ё рӯйхати таомҳоятон хӯрокҳои тоҷикӣ ҳаст?

- Дар ҳоли ҳозир хӯрокҳои тоҷикӣ дар рӯйхат нест, вале сари ин масъала кор карда истодаем ва Худо хоҳад дар ояндаи наздик дар феҳрист илова мекунем.

- Барои шумо кадомаш муҳимтар аст: таъми хӯрок ё намуди он?

- Ҳам ину ҳам он. Тавре ки мегӯянд, инсон хӯрокро на танҳо мехӯрад, балки онро ҳамчунин мебинад. Хӯроке, ки намуди зоҳирии зебо дорад, бешак иштиҳои инсонро меорад ва дар кори мо ин хеле муҳим аст.

- Шумо аз уҳдаи омода кардани хӯрокҳои зиёд мебароед, бигӯед, ки хӯроки дӯстдоштаатон чист?

- Ман хӯрокҳои миллиамонро хеле зиёд дӯст медорам, аз ҷумла шакароб, қурутоб, далда ва ғайраҳо.

- Гуфтаед, ки орзуятон бо ошпазӣ Аврупоро тасхир кардан аст, ин корро чӣ хел карданӣ ҳастед?

- Кӯшиш мекунам, ки бо роҳи тарғибу муаррифӣ кардани таомҳои миллии тоҷикӣ ба саросари Аврупо сафар кунам ва маззаву лаззати хӯроки тоҷикиро ба мардумони олам нишон диҳам.

- Ҷое навиштаед, ки “Хурок як навъ санъат аст”. Ин ҷумларо чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Ошпазиро ман як навъ санъат медонам, зеро дар ин кор ҳунар ва хушбиниву эҷодкорӣ хеле нақши муҳим мебозад. Хӯрокро пухтану онро бо усулҳои гуногун оро додан, бо тарзҳои гуногун барои хӯрдан пешниҳод кардан аз ошпаз ҳунари зиёд талаб мекунад.

- Бисёр мебинем, ки дар Россия дар барномаҳои телевизионӣ иштирок мекунед. Бигӯед, ки чӣ гуна ба барномаҳо роҳ ёфтед ва то имрӯз дар чанд барнома иштирок кардед?

- Дар барномаҳои телевизионие, ки бевосита ба пухтупаз машғул мешавем, тариқи санҷишҳо роҳ ёфтам. Шукр, ки то имрӯз тавонистам дар зиёда аз даҳ барномаи телевизионии шабакаҳои “ТНВ” ва “Татарстан 24” ширкат варзам ва ҳунари худро нишон диҳам. Ҳамчунин, мехоҳам хабар бидиҳам, ки ба наздикӣ дар барнома-озмуни машҳури “Молодые ножи”-и Телевизиони “Пятница” иштирок мекунам.

- Умуман иштирок дар барномаҳо ба шумо чӣ фоида меорад?

- Дар баробари он ки ҳунарамро ба аудиторияи зиёд нишон медиҳам, инчунин, яке аз мақсадҳои асосиам он аст, ки мехоҳам нишон диҳам, ки тоҷикон соҳибҳунару соҳибкасбанд.

- Оё бо касби ошпазӣ метавон пули зиёд кор кард?

- Даромад ёфтан ин ба ҳар инсон вобастааст. Ҳастанд ошпазҳое, ки бо касбу ҳунарашон зиндагиашонро хеле хуб таъмин мекунанд ва боз ҳастанд онҳое, ки ҳунар доранд, аммо даромади хуб дошта наметавонанд.

- Ба ҷавононе, ки мехоҳанд ошпаз шаванд, чӣ маслиҳат медиҳед?

- Пеш аз ҳама мехоҳам таъкид кунам, ки ҷавонон бояд дилу нияти пок дошта бошанд. Вақте ки бо дили пок ба омӯзиши касбе машғул мешавӣ, бешак муваффақ хоҳӣ шуд, зеро дар ин ҳолат ният тоза асту мақсад ба ҷомеа хизмат кардан. Ҳамчунин, ҳар касе, ки ба соҳаи ошпазӣ ё қаннодӣ омадан мехоҳад, бояд дар дил шавқи машғуд шудан ба ин корро дошта бошад, зеро бе шавқу кӯшиш ҳеҷ кас дар ҳеҷ соҳа муваффақ намегардад.

- Шумо шогирд тайёр мекунед?

- Бале, хушбахтона, ҳар моҳ барои хоҳишмандон семинари омӯзишӣ мегузаронам ва он ҷо ба онҳо нозукиҳои ҳунари ошпазиву қаннодиро меомӯзонам.

- Агар ошпаз намешудед, имрӯз чӣ касбу коре медоштед?

- Тасаввур карда наметавонам, ки ман ба кори дигар машғул мешудам.

- Дар Инстаграм фаъолед, аммо чаро ҳамчун фуд-блогер тарзи омода кардани хӯрокҳоро нишон намедиҳед?

- Ин кор хуб аст, вале вақти хеле зиёдро мегирад, ки ман мутаассифона надорам.

- Як рӯзи муқаррарии шумо берун аз ошхона чӣ гуна мегузарад?

- Китоб мехонам, ба сайёҳат мебароям ва ҳамчунин ба варзиш машғул мешавам.

- Чӣ чиз шуморо дар зиндагӣ хушбахт мекунад?

- Он чизе, ки ҳоло дорам ва маро иҳота кардааст, хушбахтам кардаанд. Касбамро дӯст медорам, ба ватанам муҳаббату садоқати беандоза дорам, кӯшиш мекунам, ки ба ҷомеа нафъ расонам ва ин ҳама маро хушбахт мекунанд.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.