Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Раиси парлумон. “Режими Исроил обдузди рақами аввали ҷаҳон аст”
Муҳаммад Қолибоф, раиси парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба гуфтаҳои режими Исроил таъкид кард, ки ин режим солҳо боз обро ба ҳайси силоҳи куштори фаластиниҳо истифода мекунад.
Раиси парлумони Эрон дирӯз дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Фашистҳои қарни XXI рӯзона бо мушак шоҳрагҳои оби шимоли Теҳронро дар майдони Таҷриш ҳадаф қарор доданд, то шаҳрҳоро беоб созанд. Дар заминҳои ишғолшуда ва Ғазза низ ҳамин ҷинояткорон солҳо аст, ки “обдузди рақами як” дар ҷаҳонанд ва ташна гузоштан, ба гуфтаи аксари созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷониби онҳо, ба силоҳе барои куштори фаластиниён табдил ёфтааст”.
Ӯ афзуд, ки солҳои гузашта баъзе аз деҳаҳо дар қаламрави ишғолшуда фақат 12 соат дар як ҳафта об доштанд ва дар соли ҷорӣ ҳазорон гектар замини кишоварзӣ ва боғҳо хушк шудаанд. Бар асоси пешбинии Федератсияи деҳқонони режими Исроил, истеҳсоли бархе зироатҳо бо сабаби беобӣ даҳҳо фоиз коҳиш меёбад ва ҷуброн ҳам пардохт намешавад.
Муҳаммад Қолибоф ёдовар шуд, ки вазири молияи режими Исроил расман вазъияти хушксолиро камбудии асосии мушкилоти норасоии об хондааст. Ба гуфтаи ӯ, деҳқонон ва биринҷкорон аз санаи эълони хушксолӣ ва надодани ҷуброн, борҳо эътироз кардаанд, вале ба нома ва талабҳояшон таваҷҷуҳ намешавад.
“Ҳоло сарони ҳамин режими наслкуш бо як пиёла оби партовгоҳи тозашуда мехоҳанд мардуми Эронро фиреб диҳанд. Аммо миллати мо дар тӯли таърих аз ин таҷрибаҳо гузашта ва душманони маккортарро ба партовгоҳи таърих супоридаанд. Садои ҷиноятҳои онҳо ҳамеша баландтар аз суханони беасосашон будааст ва дар муқобили ҳушмандӣ ва дурбинии мардуми Эрон нотавону саргардон шудаанд”- зикр кард Муҳаммад Қолибоф.
Ин вокуниши Муҳаммад Қолибоф баъди муроҷиати Бенямин Нетаняҳу ба мардуми Эрон сурат гирифт. Ӯ ба мардуми Эрон муроҷиат намуда, гуфт, ки дар сурати аз байн рафтани ҳукумати феълии Эрон Исроил омода аст, ки мардуми Эронро бо оби ширин таъмин кунад. Ӯ аз мардуми Эрон хост, ки барои набудани об ва ноуҳдабароии ҳукумати Эрон дар таъмини об ба хиёбонҳо баромада, ҳукуматро сарнагун кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”