Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар 6 моҳ дар Ӯзбекистон беш аз 48 ҳазор занон ба зӯроварӣ ва хушунат рӯ ба рӯ шудаанд
Аз оғози соли 2025 то ба имрӯз дар Ӯзбекистон 48 ҳазору 303 ҳолати зӯроварӣ ва фишор нисбат ба занон сабт шудаст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121% бештар мебошад.
Дар ин бора узви Кумитаи Сенати Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои ҷавонон, занон, фарҳанг ва варзиш Малика Қодирхонова ба раиси Кумитаи оила ва занон Зулайхо Маҳкамова иттилоъ додааст.
Бар асоси омори расмӣ бештари ҳолатҳо дар вилояти Тошканд, (9414 ҳолат), вилояти Бухоро (5612), вилояти Қашқадарё (5268) ва вилояти Андиҷон (4808) сабт шудааст. Фақат дар шаш моҳи ҷорӣ ба 930 зан такроран қарори ҳимоявӣ содир шудааст.
Сенатор Малика Қодирхонова зикр кард, ки сарфи назар аз тадбирҳо ва қонунҳои амалкунанда, мизони зӯроварӣ нисбат ба занон афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол меравад, ки яке аз сабабҳои зиёд шудани ҳолатҳои зӯроварӣ ва фишор муроҷиати занон ба мақомот ва ошкор шудани мушкилоти зикршуда мебошад. Ӯ аз Кумитаи оила ва занон хост, ки чораҳои мушаххас кардани сабабҳо, пешгирӣ, ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо ва ташаккули муҳити таҳаммулнопазирӣ нисбат ба чунин амалҳоро дар маҳалҳо роҳандозӣ кунад.
Бар асоси сухангӯи Суди Олӣ Азиз Абидов, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 6 ҳазор нафар барои зӯроварии оила ва озори ҷинсӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аз ин шумора, 4952 нафар бар асоси моддаи 59-2 (“Зӯроварии оила”) ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, 3200 нафар ҷарима ва 1752 нафар боздошт шудаанд. Бо парвандаҳои ҷиноятӣ 231 нафар маҳкум шудаанд, ки аз онҳо 65 нафар ба зиндон маҳкум шудаанд.
Барои озори ҷинсӣ дар давраи январ – июн 2025, 358 нафар ҷарима ва 628 нафар боздошт шудаанд. 986 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Илова ба ин, барои нашр кардани иттилооте, ки шараф ва эътибори шахсро паст мезанад (моддаи 141-3), 99 нафар маҳкум шуда, 24 нафари онҳо ба зиндон маҳкум шудаанд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, дар шаш моҳи гузашта нисбат ба 41 ҳазор заноне, ки аз хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ осеб дидаанд, қарори ҳимоявӣ дода шудааст. Марказҳои хизматрасонии иҷтимоии “Инсон” ба 11 914 зан ёрӣ расонидаанд ва дар ҳуҷраҳои ёрии аввалия 4006 зан кумак гирифтаанд. Ба марказҳои реабилитатсионӣ 512 зан ва 709 кӯдак ҷойгир шуда, дар он ҷо ба онҳо кумакҳои иҷтимоӣ ва равонӣ расонида шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”