27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
14.08.2025 08:45

Эрон ним миллион афғонистониро депорт кард. Дар миёни онҳо ҷосусони Исроил ҳам будаанд

Ҳукумати Ҷумҳурии Ислоии Эрон баъди Ҷанги 12-рӯза бо Исроил дар як иқдоми бесобиқа тақрибан ним миллион муҳоҷири афғонистониро аз минтақаҳои мухталифи ин кишвар депорт кардааст. Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки дар миёни муҳоҷирони афғонистонӣ касоне пайдо шуданд, ки барои Исроил ҷосусӣ мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид ҳам зикр кардааст, ки дар як рӯз беш аз 50 нафар афғон боздошт ва ба кишварашон депорт мешаванд.

“Би-би-сӣ” бо чанд нафар аз афғонистониҳои депортшуда суҳбат анҷом дода ва онҳо аз рафтори бади мақомоти амниятии Эрон шикоят кардаанд. Алӣ Аҳмад (ном иваз шудааст), ки дуюним сол дар Эрон мезист, мегӯяд дар замони боздошт ва депорт латукӯб шуда. Ӯ гуфт, “бо шлангу чӯб мезаданд” ва ӯро ба ҷосусӣ ба манфиати Исроил муттаҳам мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, пул ва телефонаш гирифта шуда ва худи ӯ “бидуни як риёл” ба марз интиқол дода шуд.

Ҳодисаи мушобеҳро Абдуллоҳ Ризомӣ низ нақл мекунад. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди доштани виза, аз тарафи 15 нафар кормандони полис латукӯб шуд, шиносномааш мусодира гардид ва ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам намуданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Эрон мегӯянд, ки ҳадаф аз боз гардонидани муҳоҷирон иҷрои қонун ва риояи ҳуқуқи башар аст. Вале таҳлилгарон, аз ҷумла Барнет Рубин, коршиноси умури Афғонистон ва мушовири собиқи Вазорати корҳои дохилии Амрико мегӯяд, ки Теҳрон дар пайи нокомиҳои амниятӣ дар баробари Исроил “гурбаи сиёҳ”-ро меҷӯяд ва афғонҳоро ба ҳайси сипари айб истифода мекунад.

Аз оғози ҷанги Эрон бо Исроил дар моҳи июн иттиҳомҳои оммавӣ бар зидди муҳоҷирони афғон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои вобаста ба ҳукумат афзоиш ёфт. Ҳатто наворҳои кӯҳна ба ҳайси далели даст доштани афғонистониҳо дар сохтани дрон ва ҳамкорӣ бо хадамоти ҷосусии Исроил дубора нашр шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.