Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷанозаи афроде, ки худкушӣ мекунанд, дар Афғонистон манъ шуд
Гурӯҳи террористии Толибон дар як қарори нав маросими баргузории ҷаноза ва фотеҳаи шахсонеро, ки худкушӣ мекунанд, манъ кардаанд.
Ин қарор дар пайи афзоиши падидаи худкушӣ дар баъзе аз минтақаҳои Афғонистон гирифта шудааст.
Раиси вилояти Ғазнӣ баъди худкушии чанд нафар дар ин вилоят, ба аъзои оилаи онҳо дастур дод, ки маросими ҷаноза ва фотеҳа баргузор накунанд. Раиси вилоят аз мардум хост, ки аз анҷом додан ва ширкат дар чунин маросимҳо худдорӣ кунанд.
Мақомоти гурӯҳи Толибон гуфтаанд, ки ин тасмим дар пайи нигарониҳо аз афзоиши ҳолатҳои худкушӣ дар баъзе аз вилоятҳои шарқии Афғонистон, бахусус вилояти Хуст, гирифта шудааст.
Раиси ин вилоят дар нишасте, ки намояндагони ниҳоди “амр ба маъруф ва наҳй аз мункар”-и Толибон ва мақомоти маҳаллӣ ширкат доштанд, ин тасмимро эълон кард. Мардуми маҳаллӣ сабаби асосии афзоиши худкуширо дар густариши фақри иқтисодӣ, хушунати оилавӣ ва фишорҳои равонӣ мебинанд.
Рӯзи сешанбе як зану шавҳар дар вилояти Хуст даст ба худкушӣ заданд, ки бар асоси иттилои расонаҳо ин сеюмин ҳолат дар ду рӯзи ахир дар ин вилоят мебошад. Баъди рӯй додани пай дар пайи ҳодисаи худкушӣ дар ин вилоят қарори манъ кардани ҷаноза ва фотеҳа содир шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”