Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бишкек бо Толибон созишномаи ҳамкории тиҷоратӣ имзо кард
Дар шаҳри Бишкек Нуриддин Азизӣ, сарпарасти Вазорати саноат ва тиҷорати гурӯҳи террористии Толибон бо Бакият Сидиқов, Вазири иқтисод ва савдои Қирғизистон барои таҳкими робитаҳои дуҷониба “харитаи роҳ” таҳия намуда, “созишномаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ”-ро ба имзо расониданд.
Тибқи иттилоъ ҳадафи ин созишнома таҳкими робитаҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар бахшҳои иқтисодӣ мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкории бештарро баррасӣ намуданд ва Қирғизистон омодагии худро барои мубодилаи таҷриба дар самти рақамисозии иқтисод бо ҳадафҳои пуштибонии барномаҳои рушд дар Афғонистон эълон кард.
Ҳамчунин, қарор шуд, ки дар қаламрави ҳарду кишвар “Марказҳои тиҷоратӣ” таъсис дода шаванд, то робитаҳои савдо осонтар, имкониятҳои муаррифии молу хизматрасониҳо васеътар ва пайвандҳои иқтисодӣ мустаҳкамтар гарданд.
Бар асоси ин созишнома замина барои роҳандозии лоиҳаҳои муштарак ва афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба миёни Афғонистон ва Қирғизистон фароҳам хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”