Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
“Регар-ТадАЗ” имкони дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бозӣ карданро аз даст дод
Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода ("ТАЛКО-Арена") бошгоҳҳои “Регар-ТадАЗ”-и Тоҷикистон ва “Аҳал”-и Туркманистон бо ҳам рақобат карданд, ки бозӣ бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи дастаи “Аҳал” ба охир расид.
Бозии мазкур барои ҳарду даста муҳим буд, зеро маҳз ғолиб ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 роҳхат гирифт ва мағлуб аз ин имкон маҳрум гардид.
Аз сабабе, ки “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ бозӣ мекард, аксарият ба боваре буданд, ки ғолиб ва соҳиби роҳхат ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 маҳз бошгоҳи тоҷикӣ мешавад, вале ин тавр нашуд.
Дастаи “Аҳал” баъди пирӯзӣ муқобили “Регар-ТадАЗ” ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё роҳ ёфт.
Тоҷикистонро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 имсол танҳо “Истиқлол”-и Душанбе намояндагӣ хоҳад кард. Бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бошад, дар Лигаи даъватии Конфедератсияи футболи Осиё бозӣ мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад