Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“ПСЖ” ғолиби суперҷоми УЕФА шуд
Пеш аз оғози мавсими нав дар лигаҳои аврупоӣ, финали суперҷоми УЕФА (Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо) миёни бошгоҳҳои “ПСЖ” ва “Тоттенхэм” доир гардид.
Вохӯрии мазкур бо ҳисоби 2:2 ба итмом расид ва дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бошгоҳи фаронсавӣ бо ҳисоби 4:3 ғолиб омада, барандаи суперҷоми УЕФА дар соли 2025 шуд.
Ҳарчанд бисёриҳо ба ғалабаи дастаи “ПСЖ” бовар доштанд, вале бозӣ тавре оғоз шуда, ҷараён гирифт, ки аксари тамошобинон фикр карданд бошгоҳи “Тоттенхэм” ғолиб меояд. Зеро то дақиқаи 85-ум ҳисоб 2:0 ба фоидаи дастаи “Тоттенхэм” буд, вале бисёр зуд ва ногаҳонӣ футболбозони “ПСЖ” дар дақиқаҳои 85-ум ва 90+4 ду гол заданд ва бозиро ба силсилазарбаҳои 11-метра бурданд. Дар силсилазарбаҳо низ дар аввал парижиҳо қафо буданд, вале дар миён футболбозони “Тоттенхэм” ду хато карданд ва дар натиҷа бо ҳисоби 4:3 “ПСЖ” ғолиб омад.
Бошгоҳи фаронсавии “ПСЖ” имсол ҳама ҷоизаҳои имконпазирро ба ҷуз ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон ба даст овард.
Акнун, боз ҳам шонси ҳамлагари дастаи “ПСЖ” Усмон Дембеле барои ба даст овардани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” зиёд гардид.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”