Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мадонна аз Папа хост ба Ғазза сафар карда, аз ҳоли кӯдакони бепаноҳ хабар гирад
Мадонна, овозхони маъруфи амрикоӣ рӯзи душанбе бо нашри паёме дар саҳифаи расмии худ дар Инстаграм аз Папа Лео XIV даъват намуд, то барои кумак ба кӯдакони бепаноҳ дар Навори Ғазза ба ин минтақаи ҷангзада сафар кунад.
“Эй Падари муқаддас, лутфан ба Ғазза бирав ва нуру меҳри худро пеш аз он ки дер шавад, ба кӯдакон бирасон. Ман ҳамчун як модар наметавонам тамошо кунам, ки онҳо дар ранҷ бошанд”- навиштааст Мадонна.
Мадонна бо ишора ба зодрӯзи писараш Рокко, ки ҳамзамон бо нашри ин паём ба синни 25 расид, илова кард, ки ин рӯйдод сабаби вокуниши ӯ ба вазъи кӯдакони Ғазза гардид.
Ӯ таъкид намуд, ки дар ин ҷанг ҷонибдори ҳич тараф нест ва ҳадафаш фақат кумак ба кӯдакон ва хотима додан ба ранҷи онҳо мебошад. Мадонна навишт: “Ман ангушти иттиҳом ба сӯи касе намегирам. Ҳама дар ранҷ мебошанд, аз ҷумла модарони гаравгонон. Ман дуо мекунам, ки онҳо низ озод гарданд. Фақат мехоҳам, ки кӯдакон аз гуруснагӣ намиранд”.
Ӯ дар поёни навиштааш хитоб ба Папа гуфт: “Ту ягона шахсе ҳастӣ, ки наметавонанд аз ворид шуданат пешгирӣ кунанд. Мо ниёз дорем, ки дарвозаҳои башардӯстона комилан боз шаванд. Дигар вақт намондааст. Лутфан, бигӯ, ки меравӣ. Бо муҳаббат, Мадонна!”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”