Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вазири маориф ва муовини шаҳрдорӣ бо иштирокчиёни озмуни “Фурӯғ субҳи доноӣ китоб аст” суҳбат карданд
Имрӯз, 13-уми август Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе ба ҷараёни даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад, зимни боздид вазири маориф ва илм ва муовини раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати ҳакамон, падару модарони иштирокчиён ва худи ширкаткунандагони озмун вохӯрӣ ва суҳбат намуданд. Дар рафти суҳбат вазири маориф ва илм аз ташаббуси беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, онро яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани маърифату босаводӣ дар ҷомеа арзёбӣ кард.
Раҳим Саидзода афзуд, ки озмуни мазкур на танҳо завқи китобхонӣ ва маърифати хонандагонро боло мебарад, балки барои тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо саҳми арзанда мегузорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”