Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Мутахассисони тоҷик сатҳи радиатсионии кӯҳҳои Фонро санҷиданд
Аз 7-ум то 9-уми август кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи милии илмҳои Тоҷикистон ба дараи Уреҷи кӯҳҳои Фони шаҳри Панҷакент сафар намуда, вазъияти радиатсионии ин минтақаро таҳлил кардаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, мутахахассисони ин ниҳод ҳолати радиатсионӣ ва вазъи пойгоҳҳои кӯҳнавардӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла “Артуч”, “Кӯли Чуқурак”, “Кӯли Калон” ва ёдгориҳои таърихии “Мақбараи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ” –ро бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ санҷидаанд. Аз минтақаҳои мазкур намунаҳои обу хок гирифта шудаанд, то мавҷудияти радионуклидҳо муайян карда шавад.
Иттилои бадастомада дар озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ коркард шуда, харитаҳои дақиқи радиатсионии минтақа таҳия шудаанд. Агентӣ нақша дорад, мониторинги радиатсионӣ дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ анҷом дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”