Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тоҷикистон дар соли 2026 мизбони нишасти Вазирони корҳои дохилии ИДМ хоҳад буд
Нишасти навбатии Шурои Вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Ҳафтаи равон, аз 11-ум то 14-уми август дар шаҳри Санкт-Петербург маҷлиси Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳоли баргузорист ва дар он Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ширкат дорад.
Дар рӯзномаи маҷлис 12 масъалаи асосӣ ворид шудааст, ки ба самтҳои муҳимтарини ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои ширкаткунанда рабт доранд. Дар миёни мавзуъҳои баррасишаванда самтҳои афзалиятноки ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ, татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамчунин, лоиҳаҳои консепсияи рушди ҳамкории иттилоотии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқобила бо ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияи иттилоотӣ содир мешаванд, мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
Дар ин ҷаласа Рамазон Раҳимзода як қатор пешниҳодҳоро барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ҳамчунин, барои баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои муштарак дар таъмини тартибот ва амният дар минтақа пешниҳод намуд.
Дар натиҷа қарор карда шуд, ки нишасти навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 дар ҳудуди Тоҷикистон доир карда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”