Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Қирғизистон ва Қазоқистон барои муҳоҷирон қоидаҳои нав ҷорӣ мешавад
Ҳукумати Қирғизистон қарор кард, ки то 1-уми январи соли 2026 қоидаҳои муваққатӣ дар хусуси тартиби гирифтани иҷозатнома барои иқомат ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро амалӣ кунад.
Қоидаҳои нав, ки аз якуми январи соли 2025 амалӣ мешавад, ба сода намудани равандҳои расмии ҳуҷҷатҳо ва танзими иқомати муҳоҷирони меҳнатӣ нигаронида шудааст. Ҳуқуқи иқомат ва кор дар қаламрави Қирғизистон бо иҷозати ягона, ба воситаи низоми “Даргоҳи ягона”, ки ба портали “Визаи электронӣ” муттаҳид шудааст, дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон низ равандҳои гирифтани иҷозат барои иқомати муваққатӣ, гирифтани рақами шахсии миллӣ (агар лозим бошад) ва иҷоза барои кор ба воситаи Маркази хизматрасонии аҳолӣ анҷом дода мешаванд. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Қазоқистон меоянд, то 30 рӯз ҳаққи иқомат бидуни доштани иҷозатномаи муваққатиро доранд. Барои муддати беш аз 30 рӯз бо ҳадафи кор, таҳсил, табобат, тиҷорат, ҳамроҳии оила ва сайёҳӣ иҷозатнома дода мешавад.
Ҳамчунин, аз соли оянда дар Қазоқистон нақша доранд, ки квотаҳо барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро кам кунанд. Ин тадбирҳо бо ҳадафи беҳтар намудани идораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва назорати қонунии фаъолияти меҳнатӣ дар минтақа гирифта мешаванд.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”