27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
13.08.2025 11:35

Ронандаи автобус барои вайрон кардани тартиби пардохти электронӣ ва одоби муошират 7 рӯз аз кор ронда шуд

Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар дод, ки як ронандаи автобуси хатсайри №43-ро барои вайрон кардани тартиби пардохти электронии роҳкиро ва одоби муошират бо мусофирон муддати 7 рӯз аз фаъолият дур кард.

Дар иттилоияе, ки “Душанбенақлиётхадамотрасон” нашр кардааст, чунин омадааст: “...дар нақлиёти истифодаи умуми пойтахт то ҳануз аз ҷониби баъзе аз ронандагон дидаю дониста тартиби пардохти электронии роҳкиро риоя нагардида, бо ин амалкарди худ норозигии мусофиронро дар ин самт ба миён меорад. Чунин ҳолат 12-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби ронандаи автобуси хатсайри №43, рақами давлатиаш 8234тт05 Камолов Ҳусейн Назарович ба қайд гирифта шуда, амалкарди он аз ҷониби як мусофир сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардидааст”.

Тибқи гуфтаи манбаъ, аз ҷониби роҳбарияти ККВД "Автобус-3" дар асоси бандҳои дахлдори шартномаи тарафайн, нисбати ронандаи автобуси хатсайри №43, рақами қайди давлатиаш 8234тт05, Камолов Ҳусейн Назарович бинобар сабаби риоя нагардидани низоми пардохти электронии роҳкиро ва одоби муошират, чораҳои интизоми андешида шуда, номбурда муддати 7 рӯз аз фаъолият боздошта шуд. Ҳамчунин ба ронанда огоҳи дода шудааст, ки дар сурати такроран ба чунин камбудиҳо роҳ додан аз кор озод карда мешавад.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” аз 11-ум то 17-уми август дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе аз ҷониби гурӯҳи махсус қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон, бехатарии ҳаракат, пардохти электронӣ, либоси ронандагон ва фаъолияти ғайриқонунии таксиронҳо мавриди санҷиш қарор мегирад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.