Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Губернатори Санкт-Петербург боррасонии муҳоҷиронро манъ кард
Александр Беглов, губернатори шаҳри Санкт – Петербург қарореро ба имзо расонид, ки бар асоси он дигар муҳоҷирони корӣ наметавонанд ба ҳайси боррасон ё ғизорасон фаъолият кунанд.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти губернатори шаҳр, ба корфармоён дастур дода шудааст, ки дигар муҳоҷирони меҳнатиро барои кори расонидан ба кор қабул накунанд.
Қаблан, як қатор маҳдудиятҳои корӣ барои муҳоҷирон, аз ҷумла расонидани мол, расонидани ғизо ба хона ва ғайра дар Санкт-Петербург ҷорӣ шуда буд.
Бар асоси иттилои мақомоти шаҳр, омор нишон медиҳад, ки боррасонҳои хориҷӣ “фоизи ночизи теъдоди умумии кормандони соҳаро ташкил медиҳанд, аз ин рӯ, ин чора ба устувор шудани бозори расонидан таъсир нахоҳад кард”.
“Соҳаи боррасонӣ бо суръат рушд мекунад ва ҳаҷми зиёди шуғли ғайрирасмиро ба вуҷуд меорад. Ин тасмим бо ҳадафи мубориза бо шуғли ғайрирасмӣ, баланд кардани сифат ва амнияти хизматрасониҳо дар бахши боррасонӣ, ҳамчунин, эҷоди ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони Русия, бахусус ҷавонон ва донишҷӯён, қабул шудааст”- шарҳ медиҳад дафтари матбуоти губернатор.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”