Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Тоҷикистон синни беш аз ҳазор нафар аз 100 гузаштааст
Абдураҳмон Ҳалимзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки феълан дар Тоҷикистон беш аз ҳазор нафар афроде, ки синнашон аз 100 гузаштааст, зиндагӣ мекунанд.
“Дар Тоҷикистон ҳоло беш аз ҳазор нафар, ки умри онҳо аз сад сол гузаштааст, зиндагӣ мекунанд. Аз ин шумора 15 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд” – таъкид намуд Абдураҳмон Ҳалимзода.
Тибқи гуфтаи Абдураҳмон Ҳалимзода кӯҳансолтарин сокини кишвар Басимо Тӯраева, зодаи деҳаи чашмаи Бедаки ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки 121 сол дорад. Оилаи ин зани дарозумр аз чандин насл иборат аст. Ӯ 7 фарзанд, 47 набера, 138 абера ва 25 чабера дорад.
Абдураҳмон Ҳалимзода афзуд, ки дар Тоҷикистон шумораи нафақахӯрон тақрибан 858, 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки аҳолии умумии кишвар аз 10,5 миллион нафар бештар мебошад.
Ӯ афзуд, бар асоси созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ҳоло дар Русия 735 шаҳрванди Тоҷикистон нафақа мегиранд: “Чандин маротиба дар сол мо бо ҳамкорони русиягӣ видеоконфронсҳо доир мекунем, то масъалаҳои вобаста ба таъйини нафақа ва такмили рӯйхати нафақагирони дорои шаҳрвандии дугонаро баррасӣ кунем”- илова кард директори агентии зикршуда.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”